Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике дар Порис - академики Академияи рассомии Русия


Амрӣ Аминов дар либоси анъанавии Академия
Амрӣ Аминов дар либоси анъанавии Академия

Ба Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷики муқими Порис, дар қароргоҳи ЮНЕСКО унвони академики Академияи рассомии Русияро тақдим карданд.

Ин Академия яке аз марказҳои муътабари ҳунарӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва аз соли 1724 то ҳол бештари шахсиятҳои маъруфи ҳунарии ҷаҳонро ба узвияти худ қабул кардааст. Дар мусоҳибае бо Амрӣ Аминов-пайкарасози тоҷики муқими Порис аз вай пурсидам, ин унвон ба вай ӯҳдадорие медиҳад?

Амрӣ Аминов: Бале, ширкат дар ҳамаи сессияҳои академия ва рушду равнақи фаъолияти он. Ман ба унвони як тоҷик узви хориҷии ин академия ҳастам. Вазифаи ин академия равнақи ҳунар ва ташвиқи ҳунар дар дунёст.

Озодӣ: Дар ин академия чӣ шахсиятҳое мисли шумо узви ифтихорианд?

Амрӣ Аминов: Аз Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов ва Хушбахт Хушвақтов-раисони пешини Иттиҳоди рассомон ҳастанд. Онҳо ресурсҳои бузург доштанд ва ба ин дараҷа расиданд. Аз хориҷиҳо устоди ман марҳум Якушин, ки ду бор Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд, Имботеро-ҳунарманди маъруфи Колумбия, ҳунарманди маъруф Помадоро аз Италия, раиси Академияи ҳунарҳои зебои Фаронса Арнота Тқис ва дигарон. Ба унвони узви ифтихорӣ раисони ЮНЕСКО-ро мегиранд. Масалан, раиси пешин ҷаноби Матсура ва раиси кунунии ЮНЕСКО хонум Бокова ҳастанд. Мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки ман дунболи академик шудан дар Русия намегаштам. Ин пешниҳод аз ҷониби худи академия омад ва худашон дар бинои СММ ин унвонро ба ман доданд. Ҳатто гуфтанд, ки ба унвони як тоҷик ба шумо рӯҳи миллӣ диҳад. Мо миллате ҳастем, ки метавонем кореро анҷом диҳем.

Озодӣ: Чӣ гуна шумо ба ин савия расидед ва ин унвонро гирифтед?

Амрӣ Аминов: Роҳи сахте буд. Чун аз овони кӯдакӣ ба ин касб меҳр доштам ва шумо медонед, ки дар Тоҷикистони Шӯравӣ фарзанде аз як деҳ ба шаҳри бузург рафтану таҳсил кардан ва ба ҷое расиданаш хеле мушкил буд.

Озодӣ: Чаро ба назари шумо дар ҳамон замон пайкарасозони тоҷик дар миқёси Шӯравӣ соҳиби эътибор намешуданд?

Амрӣ Аминов: Барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҳунар дар Маскаву Санкт Петербург имтиҳон хеле сахт буд.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки масалан, доираҳои ҳунарии Русия дар бахши пайкарасозӣ берун аз маҳдудаи худ намехостанд ҳунармандонро ба майдон оранд?

Амрӣ Аминов: Мо наметавонем ин гапҳоро гӯем, ба хотири он ки аз Озарбойҷони Шӯравӣ, масалан, аз соли 1936 ва баъдтар даҳҳо нафар дар он ҷо хондаанд. Муаллифи ҳайкали Рӯдакӣ дар назди бинои Институти хоҷагии қишлоқи Душанбе Абдураҳмонов барои ин муҷассама ҷоизаи тиллоии Академияи рассомии Шӯравиро гирфта буд. Ё муҷассамаҳои Айнӣ, Сино, ки муаллифаш Умар Элдаров ҳоло дар ҳаёт аст. Онҳо нобиғаҳои ҳайкалтарошии замони Шӯравӣ буданд. Узбакистону Қазоқистон ҳам пайкарасозони машҳур доштанд. Онҳо дар ҳамон ҷо таҳсил карда буданд.

Озодӣ: Муҷассамасозӣ дар миёни классикони мо ривоҷ наёфта буд ва шояд ба ҳамин сабаб шахсиятҳои тоҷик дар гузашта ба ин соҳаи ҳунар камтар таваҷҷуҳ доштанд?

Амрӣ Аминов: Бубинед, дини ислом тарошидани чеҳраи инсонро шаръӣ намедонад. Вақте, ки ман мехостам ба соҳаи ҳайкалтарошӣ ба таҳсил равам, падари раҳматиам ба ман гуфтанд: “Бачем, ту ба ин кор нарав. Ман ба рӯи мардум чӣ хел нигоҳ мекунам. Онҳо мегӯянд, ки бачаи ту ҳайкалтарош шудааст”. Ман ҷавоб додам, ки “падар ин ҳайкалтарошӣ нест, ин ҳунар аст”. Шояд ҳамин нукта ҳам ҷо дорад, ки мардуми мо дар эътиқод ба дин мустаҳкаманд ва ҳайкалу ҳайкалсоз дар миллати мо арзиши чандоне надорад.

Озодӣ: СММ корҳои шуморо тақдир кардааст ва шумо ҳатто “Сафири сулҳи СММ” ҳам ҳастед. Барои кадом ҳамкориҳоятон бо СММ ба дарёфти ин унвон мушарраф шудед?

Амрӣ Аминов: Ман аз 20 сол пештар бо ЮНЕСКО ҳамкорӣ дорам. Ҳамеша ЮНЕСКО ба ман муроҷиат мекард барои сохтани нишоне ё муҷассамае. Соли 1998 аз
Амрӣ Аминов ҳангоми гирифтани унвони "Сафири Сулҳ"-и СММ аз Коичиро Матсуура, соли 2008
Амрӣ Аминов ҳангоми гирифтани унвони "Сафири Сулҳ"-и СММ аз Коичиро Матсуура, соли 2008
ЮНЕСКО ман супорише доштам барои сохтани ҳайкали самбулики шаҳри Суф. Ҳар ду сол чунин ҳайкалҳоро ба шаҳрҳои мухталифи дунё медиҳанд. Агар шаҳре бихоҳад, ки минбаъд ин ҳайкал ё нишони шаҳр бузург шавад, дар сатҳи монументалӣ онро бузург мекарданд. Он вақт муҷассамасозонро даъват карданд ва озмунро ман бурида будам. Бори дуввум “Соли фарҳанг ва сулҳи дунё” буд ва ман ҷоизаи “Ҳунар ва синамо дар дунё”-ро сохтам. Он ҷоизаро як чиноӣ бурида буд. Ҳамин тавр ҳамкориҳои ман бо ЮНЕСКО давом дошт, то замоне, ки ҷаноби Матсуура-раиси қаблии ЮНЕСКО пешниҳод кард, ки ба ман унвони “Сафири сулҳи СММ”-ро диҳанд ва он барои саҳми ман дар рушди ҳунар дода шуд. Ҳоло ҳам ман дар ин роҳ кор мекунам, дар ҷаласаҳои ЮНЕСКО ширкат мекунам ва масъалаҳои ҳунариро баррасӣ мекунем.

Озодӣ: Чӣ шахсиятҳое унвони “Сафири сулҳи СММ”-ро доранд?

Амрӣ Аминов: Аз ҳунари рассомиву пайкарасозӣ Зураб Церетелӣ-раиси Академияи рассомии Русия, Чико Бушикӣ-раҳбари дастаи “Ҷипсӣ Кинг”, Силин Дион ва Спиваков ҳастанд.

Озодӣ: Шумо муаллифи ҷоизаи “Требия” ҳам мебошед. Ин ҷоиза барои чӣ аст ва ба киҳо дода мешавад?

Амрӣ Аминов: Барои дастовардҳо дар соҳаи ҳунари тасвирӣ, ҳунари мусиқӣ, ҳунари театрӣ ва илм. Шахсоне, ки ҳунарро тарғиб кардаанд, ба онҳо ҳам дода мешавад.
Озодӣ: Инро мо метавонем ҷоизаи фарҳангиву ҳунарии Аврупо гӯем, ё он ҷоизаи ҷаҳонист?

Амрӣ Аминов: Аввал ҷоизаи Аврупо буд, ҳоло ҷаҳонӣ шудааст, чунки ба кишварҳои дигари ҷаҳон низ ин ҷоизаро бурдаанд. Масалан, ба Африқову Осиёву ба Русия ва дигар кишварҳо. Соли гузашта аз Русия Олег Табаков гирифта буд.

Озодӣ: Шумо худро чӣ гуна эҳсос мекунед вақте, ки сохтаи дасти шумо ҳамчун ҷоиза дар хонаи шахсиятҳои бузурги фарҳангиву ҳунарии дунё гузошта мешавад?

Амрӣ Аминов: ... Албатта ин фараҳ дорад. Ҳунари дасти одам меравад мисли фарзандаш дар хонаи шахсиятҳои маъруфи дунё мисли азизтарин дороӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ин ифтихор аст...

Озодӣ: Дар озмуни сохтани ҷоизаи “Требия” чӣ шахсиятҳо ширкат доштанд ва шарту шароити сохтани ҷоиза чӣ буд?

Амрӣ Аминов: Довталабон зиёд буданд, аз Чехия, Словакия, аз Фаронсаву Олмон, аз кишварҳои Шӯравии пешин ширкат доштанд. Шарт ин буд, ки рӯҳия дар чеҳраи ҷоиза ҳувайдо бошад. Имкон буд, ки муҷассамаро бо сабки классикӣ бисозанд, масалан як хонуми зебо ё чизи дигари зебое... Муҷассамаи маро барои ифодаи рӯҳиаш интихоб карданд ва дар озмун пируз шуд. Худи ман ҳам соли 2005 ин ҷоизаи ҳунариро гирифтам.

Озодӣ: Шумо барои сохтани ҷоизаи “Требия” ин ҷоизаро гирифтед ё барои корҳои дигари ҳунариатон?

Амрӣ Аминов: Дар Аврупо озмуни осори ҳунарӣ доранд. Ватслав Ҳавел-раиси ҷумҳури пешини Чехия ин ҷоизаро дидааст ва манро диду гуфт, ки чаро шумо худро номзад пешниҳод намекунед. Ҷоизаи сохтаи шумо асари ҳунарист. Ман номзадиамро пешниҳод кардам ва барандаи ҷоиза шудам. Ҷоизаи сохтаи худамро гирифтам.

Озодӣ: То ҳол ин ҷоизаро киҳо гирифтаанд?

Амрӣ Аминов: Ватслав Ҳавел, Чиж Марек-нависандаи машҳури Словакия, Олег Табаков, Елена Образцова гирифтаанд. Ҳар соле, ки ин ҷоизаро тақдим мекунанд, ман даъват мешавам ва бо мизбонони озмун ҳамчун муаллиф сари як миз менишинем.
XS
SM
MD
LG