Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз тағйироти ворида ба қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм" истиқбол, вале ҳамзамон аз ҳар гуна тамғачаспониҳо ба бархе аз ташкилот ва созмонҳои сиёсии мазҳабӣ ба унвони гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ кард.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили мардумӣ ва раиси ҲНИТ, ки дар ҷараёни баррасии тарҳи иловаҳо ба ин қонун дар Маҷлиси намояндагон сӯҳбат мекард гуфт, мақомоти кишвар дар шинохт ва эълони ин гурӯҳҳо набояд шитобзада ва саросема бошанд. Кабирӣ афзуд, соли 2006-ум бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти бархе аз созмонҳои сиёсии мазҳабӣ ба мисли Ихвонулмуслимин мамнӯъ ва онҳо террористӣ эътироф шудаанд, аммо ҳоло дар пайи пирӯзии ин гурӯҳ дар интихобот ва тағйир ёфтани шароит равобити Тоҷикистон ва Миср метавонад бо мушкилӣ дучор шавад.
"Ҳоло дар аксари кишварҳои арабӣ баъд аз ин инқилобҳо дар сари ҳокимият ҳамин созмонҳо ҳастанд. Барои мисол, созмони Ихвонулмуслимин. Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз соли 2006-ум ин созмон террористӣ эътироф карда шудааст. Ягон узви ин созмон наметавонад вориди Тоҷикистон шавад. Ҳозир шаст дар сади порлумони ин кишвар ва инак президенташ ҳам аз ин созмон интихоб шуд. Фардо барои мисол вохӯрии роҳбарияти кишвари мо бо раисиҷумҳури Миср ё Туннис баргузор мешавад, ё сафир ва ё вазир меояд. Чӣ гуна як масъули ҳукумати Тоҷикистон бо намояндаи ин созмон мулоқот мекунад, дар сурате ки ӯ худаш шомили созмонҳои террористӣ тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аст",-таъкид дошт Кабирӣ.
Аммо Ҷумъахон Давлатов, намояндаи ваколатдори раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси олии ин кишвар, гуфт, феҳристи афрод ва созмонҳои мамнӯъшуда дар Тоҷикистон метавонад вобаста ба тағйири шароит ва вазъият иваз шавад. Давлатов афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 созмони ифротии мамнӯъ мушаххас шудааст, ки бо ҳукми додгоҳ фаъолияти онҳо ва ҳамкорӣ бо онҳо ҷиноят ҳисобида мешавад.
Ӯ афзуд, “ба рӯихати Тоҷикистон он ташкилот ва шахсоне ҳамчун террорист ворид карда мешаванд, ки мувофиқи қатъномаҳои Ассамблеяи генералии СММ эътироф шудаанд ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Ҳамон рӯихатҳои давлатҳое эътироф карда мешавад, ки бо онҳо мо созишномаҳои ҳамкории дутарафа дорем ва онҳо низ рӯихати моро эътироф мекунанд. Рӯихати Тоҷикистон калон нест. Ҳамагӣ аз 14 субъект иборат аст. Дар ҳақиқат, ин рӯихат мунтазам бознигарӣ мешавад. Фикр мекунам, натиҷаи интихоботи Миср пагоҳ эълон мешавад ва дар минбаъад низ ин рӯихат каму зиёд карда мешавад, кадом мушкилие надорад."
Ҷаноби Давлатов илова кард, давлати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористӣ меъёрҳои байналмилалӣ ва низ феҳристи таъйидшудаи СММ-ро эътироф кардааст ва минбаъд низ бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи СММ дар ин замина тасмим хоҳад гирифт. Зимнан, дар шумори созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон бар иловаи Ихвонулмуслимин ҳамчунин Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳизби исломии Узбакистон, Ҳизбуттаҳрир, Тоҷикистони Озод, Салафия, Ҷамоати Таблиғ ва Ҷамоати Ансоруллоҳ ва чандеи дигар шомил карда шудааст.
Аммо Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунист дар парлумони Тоҷикистон, ин нуктаро ба баҳс кашид ва пешниҳод кард, ки дар шинохт ва эътирофи гурӯҳҳои террористӣ давлат бояд аз манофеи миллӣ наздик бишавад: "Ташвиши ман аз чӣ аст? Мо бояд худро, Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистон, ҳукумат ва парлумони худро аз он бозиҳои геополитикӣ, ки атрофи мавзӯи терроризм аст, бисёр эҳтиёткорона боздорем, ки ҳамчун бозингари ҳамин чизҳо ворид накунанду мо муносибатамонро бо давлатҳои дӯсту ҳамсояи худамонро хароб накунем. Шумо медонед, ки сухан дар бораи кӣ меравад."
Ин ҳам дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, иловаҳои мазкур ба қонуни мубориза бо терроризмро дар ташхис ва таъйину шинохти шахсони машғул бо аъмоли террористӣ ва гурӯҳҳу созмонҳои даҳшатафкан муҳим арзёбӣ кард. Ҷаноби Салимзода афзуд, ба фарқ аз меъёрҳои ҷорӣ ин тағйирот усули мубориза бо фаъолиятҳои террористиро дақиқтар карда ва дар таҳияи феҳристи афрод ва гурӯҳҳои мазнун ва эълону эътирофи онҳо салоҳияти ниҳодҳои давлатиро мушаххас месозад: "Рӯихати шахсони ба терроризм алоқамандро Кумитаи амнияти миллӣ тартиб медиҳад. Ташкилот аз тарафи Додгоҳи олӣ дар асоси аризаи додситони кул ташкилоти террористӣ эътироф карда мешаванд. Шахсони воқеӣ бошанд, аз тарафи додгоҳ тибқи тартиби муқараркардаи қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун террорист эътироф карда мешаванд. Танҳо қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи додгоҳ барои ба рӯихати ба шахсони ба терроризм алоқаманд, дохил намудан асос шуда метавонад."
Шерхон Салимзода ҳамчунин гуфт, бозрасии ҳаводиси солҳои 2010 ва 2011-уми шарқи Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки барои ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва либосу ғизои онҳо сармоягузорӣ аз хориҷи кишвар сурат гирифта ва барои анҷоми онҳо пулҳои калон ворид шудааст. Ба ин далел, яке дигар аз ислоҳоти ворида ба ин қонун ҷилавгирӣ аз вуруди пул барои аъмоли террористӣ дар кишвар тавассути бонкҳост. Афзун бар ин, таъкид шуд, ки минбаъд бар пояи ин ислоҳот ташкилот ва созмонҳо, ки дар фаъолиятҳои террористӣ мутаҳҳам мешванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд, меъёре, ки то кунун дар қонунгузории кишвар ҷо надоштааст.