Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба оташи низои Сурия равған мерезад?


Созмони Салиби Сурх мегӯяд, бо шиддат гирифтани ҷанг дар Сурия авзоъ дар чанд гӯшаи ин кишвар бадтар мешавад.

Созмони байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ҳамин ҳафта садҳо нафар аз шаҳри Ҳумс, як такягоҳи шӯришиён, гурехтаанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ пайваста он шаҳрро ҳадаф қарор медиҳанд. Аз ин пештар Созмони Милал гуфт, рӯзи сешанбе як издиҳоми хашмгин дар шаҳри Ал-Ҳаффаи Сурия ба гурӯҳи нозирон, ки мехостанд, вориди шаҳр шаванд, ҳамла карданд. Дертар ба самти мошинҳои ҳамин нозирон тир андохтаанд, вале касе аз онҳо осеб надидааст.

Ба гуфтаи Созмони Милал издиҳоми хашмгин аз мардуми шаҳри Ал-Ҳаффа дар наздики Қардаҳо - зодгоҳи хонаводаи раисиҷумҳур Башор Асад будаанд, вале омилони тирандозӣ маълум нестанд. Як ҳафта боз нерӯҳои давлатии Сурия бо истифода аз танку тӯп ба камингоҳҳои шӯришиён дар шаҳри Ҳаффа ҳамла мекунанд.

Ҳерв Ладсос, раҳбари нозирони Созмони Милал гуфт, бо шиддат гирифтани ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён, ки баъзе аз минтақаҳоро ишғол кардаанд, Сурия акнун ба ҷанги васеъмиқёси шаҳрвандӣ кашида шудааст. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дирӯз (12-уми июн) гуфт, кишвараш аз он нигарон аст, ки амалкардҳои ахири Русия ба оташи низои 15-моҳа дар Сурия равған хоҳад рехт: "Мо иттилоъ дарёфт кардем ва аз он нигаронем, чархболҳои ҷангӣ аз Русия дар роҳ ба сӯи Сурия ҳастанд, ки ин низоъро дар он кишвар фавқулода шиддат хоҳад бахшид."

Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Хонум Клинтон дар суханроние дар Пажӯҳишгоҳи Брукинг гуфт, иддаои Русия, ки интиқоли аслиҳа ба Сурия ҳеҷ иртиботе ба саркӯби шӯришиён надорад, “дурӯғи маҳз” аст: "Мо ба русҳо ошкор гуфтем, интиқоли аслиҳа ба Сурияро бас кунанд. Онҳо гоҳу бегоҳ гуфтаанд, мо набояд нигарон бошем, чун ҳар чизе, ки онҳо мефиристанд, ба муноқишаҳои дохилӣ рабт намегирад. Аммо ин дурӯғи маҳз аст."

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, бе пешрафт дар иҷрои барномаи сулҳи Созмони Милал дар Сурия, тамдиди маъмурияти нозирони созмон дар он кишвар бисёр сахт хоҳад шуд. Маъмурияти 90-рӯзаи нозирони Созмони Милал дар Сурия рӯзи 20-уми июл ба поён мерасад. Баъд аз шурӯи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар 15 моҳи пеш бино ба гуфтаи Созмони Милал тақрибан даҳ ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG