Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Бишитобед! Озмуни беҳтарин видео оғоз ёфт!


"Озодӣ" ҳамаро ба мусобиқаи хонандагон барои таҳия ва пешниҳоди беҳтарин наворҳои видеоӣ даъват мекунад.

Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҳама хонандагони торнамои худ ва шунавандагони барномааш хост, дар озмуни беҳтарин видеоҳо дар шакли гузориш, мусоҳиба, пурсишҳои видеоӣ ва порчаҳои “Бидуни шарҳ” ширкат кунанд. Даъват ба озмуни “Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман” аз ин иборат аст, ки ҳар як хонанда ва шунаванда барои як рӯз хабарнигори “Озодӣ” шавад ва аз ин зовия ба давру бари худ нигараду фикр кунад, ки ба кадом масъалаҳо бояд диққат дод ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба чиҳо бояд ҷалб намуд. Манзур ин аст, ки торнамои Радиои Озодӣ тавонад, нигоҳи ҳарчӣ васеътари ҷомеаи муосирро ба масъалаҳои мавҷудаи мардуми кишвар бозтоб диҳад.

Интихоби мавзӯъ озод аст. Ба мисли “иншо дар мавзӯи озод”, ки такия ба эҷодкорӣ, истиқлолияти зеҳнӣ, навҷӯӣ ва наворварии ширкаткунандагон мезанад. Баъзан дар як чизи хеле хурд низ метавон масъалаи бузургеро ба намоиш гузошт ва гоҳе мешавад, олиҳимматона ба дунболи чизи бузурге рафту ҳатман бозёфте ба даст овард. Мавзӯъ метавонад, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таҳсил, ҳунар, варзиш ва ғайра рабт бигирад.

Гузориш ё лавҳаи хуби видеоиро метавонед дар ҳама гуна камера наворбардорӣ кунед, ҳатто дар телефони ҳамроҳ ё мобили худ. Чизи асосӣ ин аст, ки дар се дақиқа саргузашт, масъала ё мавзӯъ ҳалли худро ёбад ё ба воситаи пурсиши видоеии назари чанд нафар шаҳр дода шавад.

Дар ин гӯшаи махсус мутахассисони бахши видеои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ барои ширкаткунандагони эҳтимолии ин сабқат баъзе маслиҳатҳо додаанд. Дар давоми як моҳ хонандагон метавонанд видеоҳои худро ба мо фиристанд ва ҳар наворе, ки мерасад, аз тарафи ҳайати доварон баррасӣ шуда, дар “Саҳифаи гузориши хонандагон” нашр мешавад. Аз хонандагон ё саҳеҳтараш, бинандагон, хоста мешавад, ба ин наворҳо баҳо диҳанд ва баҳои онҳо дар муайян кардани ғолибони ояндаи озмун ба ҳисоб гирифта хоҳад шуд.

Ба барандаи ҷойи аввал телефони мобилии пешрафтаи дорои камераи видео (смартфон), ба барандаи ҷои дуюм нетбук ва ба барандаи ҷои сеюм камераи аккосӣ тақдим хоҳад шуд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони озмун, қатъи назар аз он ки кадом ҷойро мегиранд ё намегиранд, тӯҳфаи хотиравии Радиои Озодӣ дастрас хоҳад шуд. Барои он ки ҳамаи онҳо сари вақт дарёфт ва ба ҷашни тақдими ҷоизаҳо даъват шаванд, бояд нишонаи имейл ва агар хостанд, шумораи телефони худро ба Радиои Озодӣ маълум кунанд.

Бояд гуфт, дар гузашта Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ду озмун баргузор карда буд. Соли 2010 дар озмуни беҳтарин аксҳо зери унвони “Ончӣ мебинам” зиёда аз 250 акс пешниҳод шуда, аввал даҳгонаи беҳтарин муайян ва аз байни онҳо барандагони се ҷоизаи аввал эълон шуданд. Инҳо Назокат Аббосова барои акси “Зоирони Бурхи Валӣ”, Хуршед Камолов барои акси “Писарак ва хари ӯ”, Ҷаҳонгири Султон барои акси “Чойники сеҳрнок” буданд, ки дар маросими тақдими ҷоиза дар ҷашни Наврӯз меҳмони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе шуданд.
Озмуни дувуми Радиои Озодӣ, ки дар соли 2011 зери шиори“Ман дар СССР зистаам” ҷараён ёфт, ҳам акс ва ҳам матнро дар бар мегирифт. Ба ин озмун наздик ба 500 акс ва зиёда аз 100 матн пешниҳод шуда, барои беҳтарин матн ҷои аввал ба Хушомад Алидодов, сокини шаҳри Хоруғ, барои хотираи “Баробарӣ баробари бародарист”, ҷои дувум ба Наҷмиддини Шоҳинбод барои қиссаи "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав” ва ҷои савум ба Муҳаммадюсуфи Шодӣ барои хотираи “Барф борад, баъд мӯза мепӯшам” дода шуд. Барои беҳтарин акс ҷои аввалро Дилшод Раҳимов, сокини ноҳияи Ҳисор, барои акси “Хаткашони деҳаи мо”, ҷои дувумро Сиддиқ Нилобеков бо акси "Трибуна” ва ҷои савумро Саттор, сокини шаҳри Душанбе барои акси “Мо ва Ил-18” гирифтанд. Бахтиёр Файзуллоев барандаи Ҷоизаи таваҷҷӯҳи бинандагон шуд. Ба барандагони ҷои аввал компютерҳои нетбук, ҷои дувум диктофонҳои журналистӣ ва савум телефонҳои мобили дорои дастгоҳи аккосӣ тақдим шуд.

Ва акнун навбат ба сабқати беҳтарин видеоҳо расид. Аз ҳамаи шавқмандон даъват мекунем, дар ин озмун ширкат кунанд ва то рӯзи 6-уми июл видеоҳои худро барои сабқати “Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман” бифиристанд. Агар дар фиристодани маводи худ мушкил доштанд, лутфан, дар ҳошияи ҳамин матлаб мушкили худро бинависанд. Бесаброна интизори видеоҳои ҷолибу шавқангез ва муҳиму пурмазмуни якояки Шумо хоҳем буд. Наворҳои худро ба воситаи ин сафҳаи махсус,ки хеле сода ва осон аст, ба мо фиристед. Барори кор!

Ин яке аз видеоҳоест, ки як хонандаи мо бо номи Иброҳим фиристодааст:

Шикояти мусофирони ширкати "Тоҷик Эйр"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:21 0:00
XS
SM
MD
LG