Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Радиои Озодӣ барои мухлисони футбол


Ба се пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи Ҷоми Аврупо - 2012 посухи худро фиристеду соҳиби тӯҳфаҳо гардед...

Мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол аз 8-уми июн то 1-уми июли соли 2012-ум дар Лаҳистон (Полша) ва Украина баргузор мешавад.

Радиои Озодӣ барои мухлисони футбол озмун эълон мекунад.
Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод мешавад:

1. Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?

2. Кадом дастаҳо ба финал мебароянд ва ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.

3. Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?


Аз ширкаткунандагони озмун хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро дар бахши назарҳои ин матлаб бинависед. Озмун то 13-уми июни соли 2012-ум идома мекунад.

Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо сарфароз хоҳанд шуд:

Барои ҷойи аввал – велотренажёр
Барои ҷойи дувум – ҷоми варзишӣ
Барои ҷойи севум – тӯби футбол.

XS
SM
MD
LG