Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Русия бо ҳисоби бузург бар чехҳо


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 рӯзи ҳаштуми июн дар Лаҳистон (Полша) бо ду бозии гурӯҳи "А" шурӯъ шуд.

Нахуст дар шаҳри Варшава тимҳои мунтахаби Лаҳистон ва Юнон вориди рақобат шуданд ва қувваозмоии онҳо бо ҳисоби мусовӣ (баробар)-и 1:1 поён ёфт.

Левандовски - бозигари мизбонон (Лаҳистон) дар дақиқаи 17-ум ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум бошад, Салпингидис - бозигари юнониҳо ҳисобро баробар кард. Ҳангоми ҳуҷуми юнониҳо дарвозабони тими мунтахаби Лаҳистон Шесни дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаро муқобили Салпингидис дағалона вайрон намуд ва ӯро сардовар - Веласко Карбалё (Итолиё) аз бозӣ хориҷ кард. Ба ҷои ӯ дарвозаи мизбононро Титон ҳимоя намуд.

Дар охирҳои қисми аввали ин бозӣ барои корти дувуми зард бозигари нав ба майдон омадаи юнониҳо - Папастатопулос аз бозӣ берун шуд. Ҳамин тариқ, ҳарду даста ин бозии нахустини худро даҳнафарӣ анҷом доданд ва соҳиби якимтиёзӣ шуданд.

Бозии дувуми гурӯҳи "А" миёни дастаҳои Русия ва Ҷумҳурии Чех дар шаҳри Вротслави Лаҳистон доир шуд. Дастаи Русия таҳти сарварии Дик Адвокат маҳорати баланд зоҳир намуд ва ба дарвозаи мунтахаби Ҷумҳурии Чех, ки онро дарвозабони маъруф Петр Чех ҳимоя мекард, чаҳор гол зад.

Ду гол ба Алан Дзагоев мутааллиқ аст. Ӯ дар дақиқаи понздаҳум ҳисобро кушод ва дар дақиқаи 79-ум голи севумро ба самар расонд. Ду голи дигари русиягиҳоро Роман Широков дар дақиқаи 24-ум ва Роман Павлюченко дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонданд.

Як голи дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Чехро Пиларж дар дақиқаи 52-юм, пас аз он ки ҳисоб 2:0 ба фоидаи русиягиҳо буд, вориди дарвозаи рақибони дастааш кард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи "А" дастаи Русия бо се имтиёз пешсафи ягона шуд. Тимҳои Лаҳистону Юнон якимтиёзӣ ба даст оварданд. Вале мунтахаби Ҷумҳурии Чех бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври дувуми мусобиқот дар ин гурӯҳ рӯзи 12-уми июн Юнон бо Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон бо Русия қувваозмоӣ мекунанд. Имшаб, 9-уми июн, соати 21:00 ба вақти Душанбе бозиҳои гурӯҳи "В" шурӯъ мешаванд. Нахуст ба майдон дастаҳои мунтахаби Ҳолланд ва Дания меоянд.

Баъдан, соати 23:45 ба вақти Душанбе Олмон ва Португалия рақобат хоҳанд кард. Коршиносони соҳаи варзиш ин гурӯҳро "гурӯҳи марг" ном мебаранд, зеро дар ин гурӯҳ дастаҳои пурқуввату номдори Аврупо бо ҳам рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG