Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Каримов танҳо аз иқтисод хоҳанд гуфт?


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сафари чаҳоррӯзааш ба кишварҳои осиёиро аз Узбакистон шурӯъ мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Владимир Путин ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ба минтақаи тиҷорати озоди ИДМ пайвастани Узбакистонро имзо хоҳанд кард.

"Ислом Каримов омодагии кишварашро барои ҳамроҳ шудан ба минтақаи тиҷорати озод изҳор кардааст. Вале ҷараёни он чандон содда ҳам нест. Бояд баъзе шартҳоро иҷро кард",-гуфтааст Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия ба хабарнигорон.

Қарордоди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни 8 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) моҳи октябри соли 2011-ум дар Санкт-Петербурги Русия ба имзо расида буд. Ин санадро Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расонда, Узбакистону Туркманистон ва Озарбойҷон гуфта буданд, имкон дорад, онҳо низ ба ин қарордод ҳамроҳ шаванд.

Бар асоси ин қарордод боҷи содиротӣ ва воридотӣ барои бахши аъзами коло дар қаламрави ин иттиҳод лағв хоҳад шуд. Соли 1994 ба ин монанд қарордод дар Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд қабул шуда буд, вале худи Русия ҳамин қарордодро тасвиб накард

Аммо соҳибназарони тоҷик мегӯянд, танҳо масоили иқтисодӣ нест, ки дар гуфтугӯи Путин ва Каримов баҳс хоҳад шуд. Онҳо тахмин мезананд, ки шояд дар ин сафари раисиҷумҳури Русия ба Узбакистон масоили тақсими об ва ҳамзамон бунёди нерӯгоҳҳои бузург баррасӣ гардад.

Баъди боздид аз Тошканд, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ба шаҳри Пекин хоҳад рафт. Сафари Владимир Путин рӯзи 7-уми июн дар Остона - пойтахти Қазоқистон поён меёбад.
XS
SM
MD
LG