Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Э.Раҳмон ба Чин: Оғози барномаҳои нав?


Президент дар сафари панҷрӯзаи худ ба Чин мехоҳад, таваҷҷӯҳи Пекинро ба тарҳҳои нави иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кунад.

Дар ин сафар, ки аз 1 то 5-уми июн идома мекунад, Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Гурӯҳе аз соҳибкорони тоҷик низ ба ҳайат шомил шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чин як боздиди расмӣ бо даъвати Пекин аст ва дар канори нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ҷараён мегирад. Қарор аст, раҳбари Тоҷикистон бо ҳамтои чинии худ Ҳу Ҷинтао мулоқоти як ба як дошта, бо бархе аз мақомоти дигари Чин вомехӯрад ва дар форуми соҳибкорони ду кишвар ширкат варзида, дар як сафари кӯтоҳ аз чанд корхонаи саноатии ин кишвар дидан мекунад.

Қарор аст, ҳайати давлатии Тоҷикистон дар Пекин масъалаи тарҳи роҳи оҳани Чин –Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, коркарди захираҳои азими нуқраи “Конимансури Калон”, конҳои ёқуту тило дар Архари Помири Шарқӣ ва барномаҳои дигарро баррасӣ кунад.

Худойбердӣ Холиқназаров, сафири пешини Тоҷикистон дар Чин ва ҳоло муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, мегӯяд, Душанбе баъд аз додани 990 километри мураббаъ аз қаламрави худ ба Чин дигар ягон мушкил надорад ва Чинро яке аз бузургтарин коршарикони иқтисодии худ медонад, ки тайи як даҳсолаи охир даҳҳо тарҳи бузургу кӯчак дар бахши роҳсозию энержиро иҷро кардааст.

Ӯ афзуд, "дар доираи мулоқоти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва ҳам дар доираи мулоқоти дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бисёр муҳим - тарҳи роҳи оҳани Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон диққат медиҳад, ки барои ояндаи Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва як тарҳи стратегӣ ба шумор меояд. Дувум масъалае, ки президент дар ин сафар таваҷҷӯҳ хоҳад кард, бунёди истгоҳҳои барқӣ мебошад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон
Зимнан, дар доираи барномаи ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой интизор меравад Пекин масъалаи таъсиси "Бонки рушди Созмони Шонгҳой"-ро пешниҳод кунад. Ба қавли Холиқназаров, таъсиси ин бонк имкон медиҳад, Тоҷикистон барои амалӣ намудани тарҳҳои роҳбурдии худ сармояи бузург бо дарсадҳои камро дарёфт кунад.

Баъзе аз манобеи огоҳ мегӯянд, Тоҷикистон танҳо ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Чин маҳдуд нашуда, дар ин сафар имкон дорад президент масъалаи фаъолтар кардани ҳамкориҳои дутарафа дар бахши амният ва низомиро низ дар миён гузорад. Дар аввалҳои моҳи май вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар ҷараёни сафараш ба Чин изҳор дошта буд, ки фурсат пеш омадааст, то ҳарду кишвар дар соҳаҳои низомӣ ва фаннӣ низ ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд.

Вазорати дифоъ мегӯяд, Тоҷикистон дар арафаи модернсозии сохторҳои низомии кишвар мебошад ва фанновариҳои пешрафта аз Чин барои Тоҷикистон арзонтар ба даст хоҳад омад. Ин вазорат иттилоъ дод, ки дар назар аст, шурӯъ аз 8-ум то 14-уми июн як размоиши муштараки зиддитеррори кишарҳои узви СҲШ таҳти унвони "Миссияи сулҳ-2012" дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Тоҷикистон ҳоло мехоҳад, аз ҳар лиҳоз ҳамкориҳои худро бо Чин дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад. Биноан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, борҳо дар паёмҳои худ Чинро ба унвони кишвари ҳамшарики стратегӣ дар канори Русия ва кишварҳои дигар зикр кардааст. Дар ҳоли ҳозир 50 ширкати чинӣ дар тарҳҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нақби "Шаҳристон", бозсозии нақби "Шаршар", бунёди хатти баландшиддати барқи 500-мегаваттии "Ҷануб-Шимол" ва 220-мегаваттии Лолазор-Хатлон фаъолият доранд.Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон то поёни соли 2011 ба 1,5 миллиард доллар расида, Чин дар ин замина аз сармоягузориҳои Эрону Русия дар якҷоягӣ пеш гузашт.

Чин ҳамчунин бозори дохилии Тоҷикистонро тақрибан дар даст гирифтааст. Ҳоло маводу колои гуногун, аз сӯзан то компютер ва аз лампочка то ҷиҳози хонаву сарулибос аз Чин ворид мешавад. Бархе аз таҳлилгарон бо назардошти нуфузи рӯзафзуни Чин бо сармояи камфоизи худ ҳушдор медиҳанд, ки ин дар оянда метавонад Тоҷикистонро аз мустақилияти иқтисодӣ боздорад ва ба мутеи иқтисодии Чин табдил диҳад.
XS
SM
MD
LG