Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Олланд ба Афғонистон


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури нави Фаронса бомдоди ҷумъа ба таври ғайримунтазир вориди Афғонистон шуд.

Вазирони умури хориҷа ва дифои Фаронса низ дар ин сафар оқои Олландро ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ёвари раиси ҷумҳури Фаронса, оқои Олланд қасд надорад беш аз чанд соат дар Афғонистон бимонад.

Манобеи наздик ба Кохи Елисей гуфтаанд, ки оқои Олланд тӯли чанд соати иқомати худ дар Афғонистон, барномаи худ барои хуруҷи пеш аз вақти сарбозони фаронсавӣ аз ин кишварро шарҳ хоҳад дод.

Тибқи охирин гузоришҳо, оқои Олланд бо нерӯҳои фаронсавӣ мустақар дар вилояти Кописо, воқеъ дар шимоли Кобул дидор намудааст.

Кишвари Фаронса ҳудуди се ҳазору сесад сарбоз дар Афғонистон дорад.
XS
SM
MD
LG