Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ВКД дар остонаи таҷлил аз "Занги охир"


Вазорати умури дохилӣ аз волидон хостааст, ки фарзандони мактабхони худро дар рӯзи "Занги охир" бе назорат нагузоранд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз волидон ва омӯзгорони мактабҳои миёнаи кишвар хостааст, то фарзандону шогирдони худро дар рӯзи "Занги охир" ё "Занги камолот" бе назорат нагузоранд.

Ин вазорат дар изҳороти худ аз паёмадҳои нохуби "шабнишиниҳои бемавқеъ" ва "нӯшидани машрубот" ҳам ёдоварӣ кардааст: "Кӯшиш намоянд, то мисли солҳои пешин баъзе аз хонандагон бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, ташкил намудани базму шабнишиниҳои бемавқеъ ба сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш роҳ надиҳанд, то ин насли ояндасоз бо содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ оғози камолоти худро доғдор насозанд."

Дар гузашта низ бархе аз рӯҳониёни тоҷик дар мавъизаҳои худ пешниҳод карда буданқ, то шабнишиниҳое, ки хонандагон дар он машрубот истеъмол мекунанд, худдорӣ шавад.

Имсол маросими “Занги охир" ё "Занги камолот" дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон рӯзи 25-уми май баргузор хоҳад шуд. Аммо соли гузашта занги охир дар таърихи 30-юми июн, яъне як моҳ баъд аз рӯзи маъмулӣ садо дода буд.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе, "Занги охир" бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъд аз хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид.

Дар соли 2007-ум бо амри вазири маориф гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Ин амри вазорат дар пайи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир шуда буд. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд.

Дар соли 2009-ум баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ гардид.
XS
SM
MD
LG