Пайвандҳои дастрасӣ

Сел "Тангем"-ро бо як мусофир ба коми худ бурд


Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, боронҳои се рӯзи охир дар манотиқи кишвар, як кушта бар ҷой гузоштааст.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикисттон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, шоми 20-уми май бар асари боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, як мошини мусофирбари тамғаи «Тангем» ҳадафи сел қарор гирифтааст, ки дар натиҷа як нафар мусофирзан дар ҷойи ҳодиса кушта ва се нафар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳамчунин резиши борони шадид ва ҷорӣ шудани сел, пули мошингузари деҳаи Ганҷинаи ҳамин ноҳияро комилан хароб кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 19 май бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Пахтакори ноҳияи Шаҳритус 3 манзили сокинон комилан вайрон ва як манзил қисман хароб шудааст.

Ба иттиллои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, шоми 19 май низ боришоти сахти сел дар ноҳияи Ҷилликӯл боисии зери хоку гил мондани ҳавлии 13 манзили сокинони деҳаи Нури Вахш шудааст. Ӯ мегӯяд, резиши борони шадиду жола дар ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав низ сабаби зери хоку гил мондани ҳавлии 8 манзили сокинон шудааст.

Мақомоти маҳаллии Кумитаи ҳолаҳои изтирории Тоҷикистон дар минтақаҳои офатзада хисороти воридаро таҳқиқ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG