Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев хост, то сифати роҳҳоро бисанҷанд


Шаҳрдорӣ аз тӯл кашидани кори бархе аз паймонкорон дар мавриди азнавсозии роҳҳои пойтахт нигаронӣ кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз додситонии пойтахт хостааст, то сифати роҳҳои азнавсозишуда дар даҳ соли ахир дар ин шаҳрро таҳқиқ бикунад.

Ин мавзӯъ рӯзи 21-уми май дар ҷаласаи шаҳрдорӣ баррасӣ гардида ва ҷаноби Убайдуллоев гуфтааст, барои таҳқиқи ин масъала як кумиссиюн аз ҳисоби вакилони халқи шаҳри Душанбе низ таъсис ёбад. Ба навиштаи торнамои шаҳрдори Душанбе, ин кумиссиюн муваззаф шудааст, "корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои дар тӯли 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ анҷомгирифтаро аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ, сифат ва мӯҳлати истифодабарӣ санҷиш намуда, унвонии раиси шаҳр маълумот пешниҳод намояд."

Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ инчунин аз кундии ҷараёни кори бархе аз паймонкорон дар мавриди бозсозӣ ё таъмири роҳҳои пойтахт, ки дар пайи барфу борони зиёди зимистони гузашта хароб шудаанд, нигаронӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ таъкид ёфта буд, ки аз буҷаи шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаи Душанбе беш аз 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, қарор аст, сармояҳои хусусӣ низ ба ин барномаҳо ҷалб гардад.

Ин бахше аз барномаи умумиест, ки бино бар он солҳои 2012-2015 “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудааст. Интизор меравад, наздик ба 38 километр роҳ дар ноҳияи Сино, 23 километр дар Шоҳмансур, 16 километр роҳ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамин миқдор дар ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ таъмир шаванд.

Гардиши умумии ҳамлу нақл дар Душанбе чизе бештар аз 700 километр аст. Фарши бунёдии ҷодаҳо аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Ба гуфтаи коршиносон, мақомот бештар дар ғами роҳҳои протоколианд, ки корвони мошинҳои раисиҷумҳур ва мақомоти баландпояи дигар аз он убур мекунад.

Ба қавли коршиносон, бамаротиб дарбеҳ кардани ҷодаҳо илоҷи кор нест ва роҳҳо ба тармими бунёдӣ ниёз доранд. Ба қавли онҳо, хароб шудани ҷодаҳои пойтахт ба роҳбандони муназзам дар шаҳр боис шудааст. Ронандаҳо бо фирор аз ҷодаҳои хароб, таҷаммӯи мошинҳоро таҳаммул мекунанд ва ба убур аз кӯчаҳои обод бартарӣ медиҳанд.

Аз бойгонӣ: Шикваи ронандагон аз ҷодаҳои пойтахт

Шикваи ронандагон аз ҷодаҳои пойтахт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG