Ба фарқ аз туннел ё нақбҳои дигари яккилометрие, ки аз тарафи мутахассисони Чин сохта шудааст ва хушку чароғону рӯшан буд, нақби "Истиқлол" аслан рӯшанӣ надошт.
"Опел"-и мо аз паси мошинҳои дигар, ки ба иллати чуқуриҳои роҳ худро гоҳ ба канори чапу гоҳ ба канори рости ин ҷода мезаданд, оҳиста пеш мерафт, вале ҳарчӣ дохилтар мешудем, нақб ба ҳадде торик мешуд, ки ҳатто рӯшании мошин ҳам дигар кофӣ набуд.
Бар иловаи торикӣ дар миёнаҳои туннел боз шоҳиди мушкили дигар шудем. Аз боми туннел ҷӯяҳои паҳни об мешорид ва чанд ҷо ҳавзҳои начандон бузург убури мошинҳо, хусусан мошинҳои кӯчак ба мисли "Опел"-ро мушкил карда буд.
Ронандаи мошин -- Саъдӣ мегӯяд, ба хотири аз ин ҳавзҳо убур кардан ҳаракат мекард, ки аз канори роҳи туннел бигузарад. Вай мегӯяд, агар ба миёнаи роҳ ҳаракат кунад дудбарои мошинашро об мебандад.
Вале барои ронандаи мо чунин вазъ чандон ташвишовар набуд. Чуноне худаш мегуяд, вай бештар аз симҳое, ки бар асари шоридани зиёди об аз зери замин то як ваҷаб боло шудаанд бим дошт: "Дар онҷо аслан барқ набуд, торикӣ буд, аз арматураҳое, ки аз зери замин баромада буданд, метарсидам. Бисёр даҳшатбор буд."
ЧАРО СОХТМОНИ ТУННЕЛ ТӮЛ МЕКАШАД?
Билохира, бо ин ҳавлу ҳол тӯли панҷ километри туннел тай шуду мо ба берун омадем. Дар саҳни туннел аз тарафи шимол мутахассисони эронӣ дасту остин барзада, ҳамроҳ бо коргарони тоҷик нақшаи тармиму таъмири туннелро мекашиданд. Як ширкати эронии мавсум ба "Собир-ҷадид" масъулияти то ҷашни Наврӯз бартараф кардани мушкилоти дохили туннелро ба дӯш гирифтааст.
Ромин Раззоқӣ, муҳандиси иҷроияи ширкати мазкур дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки омодаанд то Наврӯз роҳи оберо, ки ба дохили туннел мерезад, бигиранд. Ҷаноби Раззоқӣ дар робита ба ин ки чаро тайи ин чанд сол сохтмони ин туннел тӯл кашид ва пурра ба анҷом нарасид, гуфт: "Яке аз сабабҳо сармо буд ва сабаби дигар ин буд, ки дар ҷараёни кори мо убуру мурури мардум қатъ намешуд ва мо маҷбур мешудем, сохтмонро барои чанд соат боздорем. Ин ҳама сабабҳое буд, ки боиси чунин мушкилот шуд."
ТУННЕЛ БАСТА МЕШАВАД?
Як коргари собиқи туннели “Истиқлол”, ки сокини деҳаи Зиддӣ мебошад, гуфт, дар бисёр вақт аз марказ занг мезаданд, ки бори фалон вазир аз Хуҷанд меояду иҷозаи убур диҳед. Эрониҳо маҷбур мешуданд, ки корро дар дохили туннел боздоранду чанд Камази вазир убур кунад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо чунин ҳолат дар ҳафта зуд- зуд иттифоқ меафтод.
Ромин Раззоқӣ, муҳандиси иҷроияи ширкати "Собир-ҷадид" дар робита ба ин ки кадом рӯз роҳи туннел баста мешавад, гуфт: "Тайи ду рӯзи дигар, яъне рӯзи сешанбе, 16-уми август аз Вазорати нақлиёт меоянд ва масъалаи баста шудани туннел аз тариқи телевизиони маҳаллӣ эълон мешавад. Ҳаракати мошинҳо аз тариқи туннел комилан қатъ мегардад ва мардум аз тариқи гарданаи Анзоб ҳаракат мекунанд."
"РОҲИ АҒБАИ АНЗОБ ҲАМВОР АСТ"
Аз сӯҳбат бо муҳандиси эронӣ ба назар мерасад, ки таъмиру тармими туннел баъд аз ҷашни Наврӯз, яъне пас аз моҳи марти соли 2012 ҳам идома пайдо мекунад. Сардори Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербуттаев мегӯяд, ки "роҳи ағбаи Анзоб тахту ҳамвор карда шудааст ва ба маҳзи ин ки Вазорат ҳаракат дар туннелро қатъ кунад, мардум метавонанд аз ин роҳ равуо намоянд."
Ҷаноби Шербуттаев меафзояд, ҳаракати мошинҳо аз тариқи ағба ҳам то моҳи ноябр идома пайдо хоҳад кард, зеро дар фасли сармо ин низ роҳ баста нахоҳад шуд. Аз Шербуттаев пурсидем, ки агар роҳи ағба баста шавад, пас убуру мурур дар ин роҳ чӣ хоҳад шуд. Вай дар посух гуфт, ки он гоҳ туннел мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Аз сӯҳбату гуфтугӯҳо бо муҳандисони эронӣ ва коргарони маҳаллие, ки ҳудуди 53 нафар мебошанд, рӯшан мешавад,ки то Наврӯз 70 дарсади корҳо дар туннел анҷом дода хоҳад шуд. Вале як суол ҳамчунон матраҳ аст, ки дар кадом мӯҳлат туннели "Истиқлол" ба таври комил мавриди истифода қарор хоҳад гирифт?
ТУННЕЛИ ЭРОНӢ ХУБ АСТ Ё ЧИНӢ?
Сохтмони туннели "Истиқлол", ки қаблан нақби Уштур ном дошт, дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсиии авоили солҳои 1990 мутаваққиф шуда буд. Дар соли 2003 Эрон бо 31 миллион доллар маблағгузорӣ, ки 10 миллионаш кӯмак буд, ба сохтмони ин туннел оғоз кард.
Ширкати эронии "Собир" бо ин маблағ тавонист убуру мурурро аз тариқи ин туннел имконпазир кунад, вале тамоми мушкилоти мавҷудро натавонист бартараф созад. Акунун бо маблағи 6 миллион доллар ширкати "Собир-ҷадид" барои тармими нақби "Истиқлол" дасту остин бар задааст.
Дар ин муддате, ки Эрон машғули сохтани нақби "Истиқлол" буд, Чин дар ду мавзеъи мухталифи Тоҷикистон ду туннел дуруст кард, ки якеаш дар канори "Истиқлол" аст ва тавре мусофирон мегӯянд ба фарқ аз нақби сохтаи эрониҳо рӯшану хушку ҳамвор мебошад.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, шитобзадагии пешазҷашнӣ ба хотири ифтитоҳи нақб бо ширкати руасои ҷумҳури Тоҷикистону Эрон сабаби он гашт, ки туннели "Истиқлол" дар шакли нотамом ба истифода дода шавад ва дар чунин ҳоле боқӣ монад, ки инак, солҳост, ниёз ба тармим ва сармоягузорӣ дорад. Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки ин роҳ пулакӣ шудаву дар ихтиёри ширкати IRS аст, маблағҳое, ки аз истифодабарандагони роҳ ба даст меоянд, ба эҳдоси туннел сарф намешаванд.
Сохтмони
туннели "Истиқлол",
ки қаблан нақби Уштур ном дошт, дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсиии авоили солҳои 1990 мутаваққиф шуда буд...