Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши нархи бензин. Мардум ҳанӯз бовар надорад


Ширкатҳои воридкунандаи нафт дар Тоҷикистон мегӯянд, ки раванди арзон шудани нархи бензин дар кишвар оғоз шудааст.

Коҳиши нархи бензин ҳамзамон бо кам шудани импорти он аз Русия ва афзоиши воридоти фуровардаҳои нафтӣ аз кишварҳои дигар иттифоқ меафтад.

Намояндаи яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи маводи сӯхти нафтӣ ба Тоҷикистон мавсум ба «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки худро Шералӣ Сироҷов муаррифӣ кард, гуфт, ки сабаби аслии коҳиши нархи бензин, хусусан навъи 92 дар он аст, ки ширкатҳо ин навъи бензинро ҳоло на танҳо аз Русия, балки аз кишварҳои дигар низ ворид мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар ворид намудани бензин аз Русия 15 фоиз коҳиш ёфта бошад, дар иваз аз Туркманистон 8 дарсад бештар шуд. Вай меафзояд, ки ба ғайр аз Туркманистон, ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба мисли "Умед-88", «Нафтрасон» ва дигарон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Озарбойҷону Беларус ва ҳатто Украина низ бензин ворид мекунанд.

Ба ин тартиб як навъ ҳархеласозии манобеи маводи нафтӣ ба миён омад, ки ҳарчанд таносуб дар он ҳанӯз аз мувозанат дур аст, то андозае пойбандии тақрибан монополиро ба бензини Русия аз байн бурдааст. Ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки куллан воридони маводи сӯхти нафтӣ ба Тоҷикистон ахиран камтар шудааст. Дар се моҳи охир ҳамагӣ 130 000 тонна маводи сӯхт ба Тоҷикистон оварда шуда бошад, дар ҳамин давраи соли гузашта ин адад тақрибан ба 170 000 тонна баробар буд. Вазорати энергетика ва саноат низ мегӯяд, ки дар соли равон ҳаҷми маводи сӯхти ворида назар ба соли гузашта 24 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон мегӯянд, ки тақрибан як моҳ қабл хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар авҷи кишту кор бештар соляркаву бензин мепурсиданд ва ҳоло ин талабот аз тарафи онҳо хеле кам шудааст. Шералӣ Сироҷов, намояндаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон мегӯяд: «Вақти киштукор талабот зиёд буд, барои хоҷагиҳо даркор буд онҳо, бисёр сарф мекарданд.»

Аммо раванди арзон шудани бензин мардумро хушнуд накардааст. Зоҳир Шоҳалиев, як ронандаи мусофирбари Тангем, мегӯяд, ки нархҳои имрӯзаи бензин аз як ҳафта пеш фарқ мекунанд, вале бо вуҷуди ин барои онҳо харидан бо нархҳои арзоншуда ҳанӯз ҳам сангин аст: «6 сомониву 60 дирам буд ҳоло 6, 40 шуд боз 6, 30 шуд, имрӯз 6, 20 лекин чӣ фоида, ақалан 5 сомонӣ шавад баъд мегӯем, ки арзон шудааст.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00
Линки мустақим


Вале баъзе аз намояндагони нуқтаҳои бензинфурӯшии шаҳр мегӯянд, шояд яке аз сабабҳои дигари коҳиши қимати бензин дар Тоҷикистон кам шудани андоз аз арзиши изофӣ бошад, зеро умдафурӯшон онро бо нархи поёнтар ба ин нуқтаҳо медиҳанд. Аммо масъулони Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ ин хабарро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон НДС ё андоз аз арзиши изофиро бар болои маводи нафт кам накардааст.

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо бар ин назаранд, ки ин пастравӣ эҳтимол дорад муваққатӣ бошад, зеро ҳар сол дар ҳамин фасл барои ду-се моҳ нархи бензин поин мешавад ва бо фарорасии тирамоҳ боз хоҳад афзуд. Як ронандаи таксӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт мегӯяд: «Ҳамагӣ 20 дирам арзон шудааст, ин куҷо арзон, ин бениҳоят қиммат аст, калонҳо аслан аҳамият намедиҳанд, онҳо серпуланд, чӣ кунем мо камбағалем.»

Суханони ҳамсӯҳбати мо замоне тасдиқи худро хоҳанд ёфт, ки агар дар ояндаи наздик нархи маводи сӯхти нафтӣ боло равад. Аммо дар ҳоли ҳозир, майли қавии он ба коҳиш мушоҳида мешавад ва як чиз мусаллам аст, ки Тоҷикистон тавонист, инҳисори Русияро шикаста, аз кишварҳои дигар низ бензин ворид кунад. Ин дар ҳолест, ки фуровардаҳои нафтӣ яке аз маводи асосии экспортии Русия ба Тоҷикистон буд. Тағйири вазъ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар дидор бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Маскав, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тиҷорат миёни ду кишвар хуб ҷараён дошта, ҳаҷми он ҳар моҳ 10-15 дарсад зиёд мешавад.

Масъалаи афзоиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ду сол қабл ба миён омада буд. Дар соли 2010 баъд аз он, ки Русия боҷи гумрукиро ба маводи сӯхте ки ба кишварҳои ғайри узви Иттиҳоди гумрукӣ содир карда мешуд, афзуд, нархи бензин дар Тоҷикистон тайи ду соли охир ду маротиба бештар шуд. Ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост кард, пардохтҳои баланди гумрукиро ба маводи сӯхти нафтӣ коҳиш диҳад. Худи Путин дар замони сарвазирияш чанд бор ин ваъдаро дод, вале ба ҷо наовард, ҳарчанд Маскав ин пардохтҳоро баро Қирғизистон ба поинтарин ҳад коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG