Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои бастаи Узбакистон. Шумо чӣ зиён дидед?


Дар акс: Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов
Дар акс: Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов

Бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, роҳҳои бастаи Узбакистон ба зиндагии онҳо низ бетаъсир набудааст.

Як гурӯҳи онҳо болоравии нархи бензин ва афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистонро ба "муҳосираи иқтисодӣ"-е рабт медиҳанд, ки Тошканд барои Душанбе эҷод кардааст.

Узбакистон чанд соли ахир бо Тоҷикистони ҳамсояаш муносибати хубе надорад ва борҳо монеи гузаштани вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш шудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта низ ҷониби Узбакистон хабар дод, ки бар асари "ҳамлаи террористӣ" пули роҳи оҳан дар қитъаи Амузанг тахриб шуда ва ҳаракати қаторҳо дар ин масир, ки ба самти Тоҷикистон меравад, қатъ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ин амали Узбакистонро "муҳосираи навбатии иқтисодӣ" номида, хостори фаъол кардани ин роҳ шуданд, вале аз ҷониби Узбакистон посухи мусбате дарёфт накарданд.

Аммо танҳо роҳи оҳан нест, ки Узбакистон дар он мушкил эҷод мекунад. Аз соли 2000 ба ин сӯ миёни Тоҷикистону Узбакистон низоми раводид ё виза ҷорӣ аст, ки рафтуомади сокинони ин ду кишварро мушкилтар намудааст. Ҳамчунин, бино ба гуфтаи масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҷониби Узбакистон бидуни кадом сабаб баъзе аз дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Тоҷикистонро бастааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, бино бар қарордоде, ки миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 1992 имзо шудааст, дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя бояд 16 дидбонгоҳи гумрукӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ҳоле ки теъдоди чунин дидбонгоҳҳои фаъоли гумрукӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя хеле кам шудааст.

Дар навори зер: Посухи мардум ба суоли "Аз роҳҳои бастаи Узбакистон чӣ зиён дидед?"

Аз роҳҳои бастаи Узбакистон чӣ зиён дидед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG