Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғун дар шиорҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд, 11-уми июни соли 2010.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд, 11-уми июни соли 2010.

Сарони ду кишвари ҳамсоя -- Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов аз масъалаи Роғун шиори миллӣ дуруст кардаанд.

Ҳарду онро ҳамчун парчаме баланду бузург дар қабзаи худ гирифтаанд, яъне бо «мемураму Роғунро месозам» ва «мемураму намегузорам, ки Роғун сохта шавад» онҳо мехоҳанд, таваҷҷӯҳ ва ҳимояти мардумро ба худ ҷалб намоянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳар мавриди муносиб таъкид мекунад, ки танҳо бунёди нерӯгоҳи Роғун метавонад, кишварашро аз бӯҳрони энержӣ ва мушкилоти иқтисодӣ наҷот диҳад. Ва раисиҷумҳури Узбакистон бо лаҳни шадидтар посух медиҳад, ки “кишварҳои болооб наметавонанд, аз пеши худ тасмим гиранд” ва агар роҳи об баста шавад, наслҳои ояндаи кишвараш ӯро нахоҳанд бахшид.

Амдан буд ё бо тасодуфи таърих, сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун акнун ба саҳнаи танги рақобат ва намоиши нерӯи ду раисиҷумҳур табдил ёфтааст. Вазирону сафирони онҳо низ ҳар минбари байнулмилалиро барои намоиши маҳкамии мавзеъгирии раҳбарони хеш истифода мекунанд.

Инро ҳам бояд гуфт, ки ҳарду раҳбар дар ин қасдҳои худ, зоҳиран, самимӣ ҳастанд, яъне Раҳмон воқеан мехоҳад, ки Роғун ба ҳар қимате, ки бошад, сохта шавад ва дар навбати худ Каримов ҳам омодааст, ба ҳар баҳое, ки бошад, ин тарҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим амалӣ нагардад.

Давлат Усмон, таҳлилгари тоҷик
Давлат Усмон, таҳлилгари тоҷик
Таҳлилгари тоҷик Давлати Усмон мегӯяд, ки раҳбарони ҳарду кишвар тавонистаанд, масъалаи Роғунро дар кишварҳои худ ба шиори миллӣ табдил кунанд ва танҳо шахси худ ё ҳукумати худро не, балки мардуми худро зери ин шиор ба по хезонанд.

Вай меафзояд: «Албатта, пас бебарқиҳои давомдор мардуми тоҷик мехоҳад, Роғун сохта шавад ва ин як шиорест, ки метавон ҳама вақт аз он барои ҷалби таваҷҷӯҳ истифода кард. Дар Узбакистон ҳам, ки даштҳои он бе об маънӣ надоранд ва ин як мушкилест, ки мардумро дар атрофи Ислом Каримов муттаҳид кардааст.»

Ҳафтаи гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукуматӣ таъкид кард, ки ба ҳар қимате бошад, Роғун сохта хоҳад шуд ва Тоҷикистон роҳи дигар надорад. Тақрибан бо айни эътимод Ислом Каримов дар мулоқот бо аҳолии Қароқалпоқистон изҳор дошт, ки ба татбиқи тарҳи Роғун роҳ нахоҳад, зеро фақат барои пур кардани обанбори он мардуми Узбакистон 8 сол бе об мемонанд.

Агар мардуми Тоҷикистон аз шиори Раҳмон бо хариди саҳмияҳои Роғун пуштибонӣ карда бошанд, гоҳе ҳатто бо харҷи охирин пасандозҳои хеш, бино бар намоиши телевизиони Узбакистон шаҳрвандони ин кишвар бо як гармӣ ва кафкубиҳо аз суханони Каримов истиқбол намуданд.

Аммо Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон мегӯяд, ки шиорҳои марбут ба Роғун ҳарчанд ғурури миллии мардуми ду кишварро баланд мекунад, амалан ба муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва дар натиҷа ба сатҳи зиндагии мардуми ҳарду давлати ҳамсоя зарба мезанад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Душанбе ва Тошканд бе мушкили ҷиддие метавонанд дар масъалаи Роғун забони муштарак ёбанд: «Онҳо танҳо муносибати ҳамсоядориро хароб мекунад ва муносибати ҳарду кишварро муташанниҷ мекунад. Яктарафа қазоват кардан паёмади бад дорад, бояд ҳатман ва аз роҳи дипломатӣ илоҷи муросо пайдо кард.»

Нозирони вазъ дар ҳар ду кишвар бар инанд, ки ҳарчанд “шиори Роғун” барои ду раҳбар, ба истилоҳ, “сармояи сиёсӣ” меорад, ба ҳамон андоза метавонад, обрӯ ва бақои ҳардуи онҳоро зери зарба гузорад.

Ҷалолиддини Маҳмуд, коршиноси тоҷик
Ҷалолиддини Маҳмуд, коршиноси тоҷик
«Агар Роғун сохта шавад, Ислом Каримов ва ҳукумати ӯ мулзам ва ноӯҳдабаро намудор мешаванд, -- мегӯяд коршинос Ҷалолиддин Маҳмудов ва меафзояд, -- вале агар сохта нашавад, Эмомалӣ Раҳмон мисли ин хоҳад шуд, ки шикаст хӯрдааст ва ақиб нишастааст.»

Ҷанобони Раҳмон ва Каримов дар ин баҳс кишварҳои дигарро ба кӯмак хостаанд, ки дар байни онҳо ақидаи Русия ва Иёлоти Муттаҳида муҳим аст. Маскав ба таври комил аз мавзеъгирии Узбакистон ҳимоят кард, аммо Вашингтон, феълан дар миёнаҷост. Ин дар ҳолест, ки Амрико хостори судури барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон аст. Аз созмонҳои байнулмилалӣ Бонки Ҷаҳонӣ ба гунаи фаъол масъаларо дунбол мекунад, аммо феълан бештар ба кашол додани ҳалли он такия задааст.

Тарозуи “мемураму месозам” ва “мемураму намегузорам, ки сохта шавад” низ ҳоло гӯё дар мобайн аст ва баробариро нишон медиҳад. Шояд муаллифони шиорҳо ҳам хуб медонанд, ки ба тарафе хам хӯрдани он метавонад, на танҳо мувозанатро аз байн барад, балки оғози таҳаввулоти муҳими минтақаӣ низ гардад.
XS
SM
MD
LG