Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди сарони G-8 ба стратегияи муштарак дар баробари Эрон


Раиси ҷумҳури ИМА умедворӣ кардааст, ки муноқишаи ҳастаӣ бо Теҳрон, бо эҳтироми ҳаққи ҳокимияти миллии Эрон ҳал шавад.

Барак Обама, ки мизбони нишасти раҳбарони Олмон, Фаронса, Канада, Италия, Бритонияё, Русия ва Ҷопон дар Вашингтон мебошад, ба хабарнигорон дар бораи меҳварҳои гуфтугӯҳои ин нишаст сӯҳбат кард. Ба иловаи бӯҳрони евро ва Юнон, қазияи ҳастаии Эрон низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯҳо раҳбарони гӯрӯҳи ҳашт аст.

Барак Обама танҳо чанд рӯзи қабл аз гуфтугӯҳои Бағдод гуфтааст: «Ҳамаи мо ба таври ҷиддӣ ба идомаи стратегияи таҳримҳо ва фишор ба ҳамроҳи гуфтугӯҳои дипломатӣ пойбандем.»

Барак Обама афзуд: «Ва умеди мо ин аст, ки битавонем ин мавзӯъро ба шеваҳои сулҳмомез ҳаллу фасл кунем. Ба тавре, ки ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва ҳуқуқи Эрон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтарам шумурда шавад ва дар айни ҳол Эрон ба масъулияти бештар водор карда шавад.»

Ин изҳорот дар ҳолест, ки қарор аст раиси Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ба ҳамроҳи муовинони худ рӯзи якшанбе ба Теҳрон сафар кунад ва рӯзи душанбе бо мақомҳои баландпояи эронӣ гуфтугӯ намояд.

Инчунин қарор аст рӯзи чаҳоршанбе ҷониби эронӣ бо гурӯҳи 5+1 гуфтугӯҳои худро дар шаҳри Бағдод идома диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Барак Обама гуфтааст, ки ҳама раҳбарони гурӯҳи ҳашт муттафиқанд, ки Эрон агар ба қонунҳои байналмилалӣ амал кунад, аз ҳаққи истифода аз барномаи сулҳомези ҳастаӣ бархӯрдор аст. Оқои Обама ҳамчунон изҳор дошт, ки раҳбарони гурӯҳи ҳашт ба гуфтугӯҳои Бағдод умедворанд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG