Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шиддат дар муносибатҳои Эрон ва Баҳрайн


Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо ал-Халифа ҳангоми ҳадияи шамшер ба шоҳи саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз, Манама, 18-уми апрели соли 2012.
Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо ал-Халифа ҳангоми ҳадияи шамшер ба шоҳи саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз, Манама, 18-уми апрели соли 2012.

Баҳрайн, ки мехоҳад бо Саудия бипайвандад, изҳороти мақомоти эрониро "нақзи кабира"-и истиқлолияти худ номид.

Эрон ва Баҳрайн аз нав ба ҳамдигар паёмҳои эътирозӣ доданд ва қарор аст дар Эрон зидди иттиҳоди пешниҳодии Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ тазоҳурот баргузор шавад.

Вазири умури хориҷии Баҳрайн Шайх Холид бин Аҳмад ал-Халифа рӯзи панҷшанбе Эронро дар барангехтани ташаннуҷ дар минтақа айбдор кард ва ҳушдор дод, ки пайомади мудохилаҳо гиребонгири Эрон хоҳад шуд. Бино бар хабари телевизиони давлатии Эрон Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар сафири Баҳрайнро барои шарҳи ин изҳорот ба вазорат даъват кард.

Изҳороти Холид, зоҳиран, посух ба даъватҳои Эрон буд барои тазоҳурот зидди нақшаҳои ҳамгироии Саудӣ ва Баҳрайн.
Шиддати нав дар муносибатҳои байни ду кишвар баъд аз он ба миён афтод, ки дар нишасти охири Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ дар пойтахти Саудия пешниҳод шуд, байни Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ иттиҳодияе дар заминаҳои низомӣ, амниятӣ, иқтисод ва сиёсати хориҷӣ таъсис шавад. Ин пешниҳод қадаме ба пеш дар ҳамгироии ҳамаи шаш узви шӯро номида шуд, вале дар поёни нишаст соизше ба имзо нарасид.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст рӯзи панҷшанбе гуфт, “пешниҳоди ин иттиҳод ба маънии ишғоли Баҳрайн аз ҷониби Арабистони Саудист ва ба маҳви як давлати хурди минтақа” сабаб мегардад.
Меҳмонпараст афзуд, чунин тарҳҳо бӯҳронро дар Баҳрайн, ки аз оғози нооромиҳои он дар феврали соли 2011 даҳҳо нафар кушта шудаанд, амиқтар мекунанд.

Рӯзи панҷшанбеи 16-уми май Созмони Таблиғоти Исломии Эрон, ки ташкилкунандаи раҳпаймоиҳои давлатист, аз шаҳрвандон хост, пас аз намози ҷумъа зидди нақшаҳои, ба гуфтаи он, Иёлоти Муттаҳида, ба як кардани Баҳрайн бо Саудия даст ба тазоҳурот зананд.

Аввали ҳафта расонаҳо ба нақл аз раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Алии Лориҷонӣ гуфтанд, “агар қарор буд, Баҳрайн ба кишвари дигаре ҳамроҳ карда шавад, он кишвар Эрон хоҳад буд, на Арабистони Саудӣ.”

Вазорати умури хориҷии Баҳрайн кордори Ҷумҳури Исломиро дар ин кишвар ба вазорат даъват кард, то баёнияи, ба гуфтаи он “нақзи кабираи истиқлолият”-и Баҳрайнро шарҳ диҳад. Саудия пештар гуфта буд, Эрон бояд худро аз умури Баҳрайн канор гирад. Ин дар ҳолест, ки аксарияти шиъамазҳаби Баҳрайн зиёда аз як сол ба ин сӯ бо талабҳои мурооти ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти сиёсӣ тазоҳурот барпо мекунад ва ҳокимияти ақаллияти суннимазҳаби Баҳрайн Теҳронро ангезандаи ин нооромиҳо мешуморад.
XS
SM
MD
LG