Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон роҳро ба рӯи НАТО боз мекунад


Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон
Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон

Покистон ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад.

Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон рӯзи душанбе гуфт, ки кишвараш ба ин натиҷа расидаст, ки роҳҳои икмолоти ба рӯи нерӯҳои НАТО мустақар дар Афғонистонро бикушояд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин тасмими Покистон истиқбол намуда онро иқдоме дуруст арзёбӣ кардааст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин маврид гуфтааст:

“ Ин хабаре хуб аст, агар вазири хориҷии Покистон чунин баёноти мусбат дар мавриди бозгушоии роҳи тадорукотии нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро иброз намояд. Ин хабари хуб барои Покистон аст. Барои робитаи хуби Покистон бо Афғонистон ва ҳам робитаи онҳо бо мо. Вале чунон ки гуфтам, мо то ҳол музокирот дар ин заминаро такмил накардаем.»

Муносибот миёни Покистон ва Амрико дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаи марзии Афғонистон ва Покистон дучори таниш шуд. Ба дунболи кушта шудани 24 сарбози покистонӣ тавассути нерӯҳои ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, Исломобод роҳи интиқоли мавод барои нерӯҳои НАТО-ро баста буд.

Ин амр сабаб шуд то эътилофи байналмилилӣ барои фиристодани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз роҳҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна истифода бикунад.
XS
SM
MD
LG