Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Маскав ҳазорон нафар дар раҳпаймоии бидуни иҷозати мухолифин алайҳи бозгашти Путин ба қудрат ширкат карданд.

Мухолифин ба нишони ҳамраъйӣ ба садҳо нафаре, ки дар эътирозҳои қаблӣ боздошт ё латукӯб шуданд, тарафдорони худро ба “сайругашт” даъват карданд.

Аксари раҳпаймоёни имрӯза лентаҳои сафед доштаанд, ки як рамзи ҷунбиши баъди интихоботҳои ахир шаклгирифтаи мухолифини Русия шинохта мешавад.

Фаъолон ба хотири боздошт нашудан маҷбуранд, аз шаклҳои нави эътирлз, чун флешмоб ва сайругашт кор бигиранд.

Бархе бо худ имрӯз шиор ҳам доштанд, вале пулис ба пароканда кардани онҳо талош накардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG