Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи саввуми интиқоли қудрат ба нерӯҳои афғон


Дар ҳоле, ки Афғонистон ба чолишҳои сахти амниятӣ рӯбарӯ мебошад, қарор аст Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбе марҳалаи саввуми интиқоли масъулиятҳои таъмини амнияти 230 вулусволӣ ва марокизи ҳама вилоятҳои Афғонистонро аз нерӯҳои НАТО ба нерӯҳои афғон эълон кунад.

Дар ин бора хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси комиссияи раванди интиқол ба хабарнигорон дар Кобул гуфтааст, "дар соли 2014 мо як озмоиши наҷоти миллӣ рӯбарӯ хоҳем буд, аммо душманони мо бояд бидонанд, ки афғонҳо барои тамом кардани ин раванд ӯҳдадор мебошанд."

Оқои Аҳмадзай афзудааст: «Мо намехоҳем ба мардуми Афғонистон дурӯғ бигӯем, марҳилаи саввуми интиқол як марҳилаи душвор аст, марҳилаи чаҳорум ва панҷум душвортар хоҳад буд. Аммо ин душвориҳо чизе нест, ки роҳи ҳал надошта бошад.»

Ҳукумати Афғонистон ва ҳомиёни ғарбии он дар назар доранд то масъулиятҳои амниятӣ дар панҷ марҳила сурат бигирад, ки билохира вилояти ошӯбзада ва ноороми Қандаҳор, қисматҳои зиёде аз Ҳилманд ва ҳамчунон вилоятҳои шарқии Афғонистонро дар бар хоҳад гирифт.

Сафири Амрико дар Кобул ва ҳамчунон фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон низ мушкилоти марҳилаи саввуми интиқоли масъулиятҳои амниятро таъйид кардаанд.

Аз як даҳа ба ин тараф, ки режими Толибон суқут кардааст, нерӯҳои НАТО ва ҳукумати Афғонистон талош кардаанд, нерӯҳои амниятии афғонро тақвият кунанд то баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар, тавоноии таъмини амниятро худ ба ӯҳда бигиранд.
XS
SM
MD
LG