Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте ки ронанда нозири роҳро латукӯб мекунад...


Як корманди идораи БДА дар шаҳри Душанберо ронандаи мошини сабукрав бо зарби корд маҷрӯҳ кардааст.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, нозири роҳ, сержанти калони милитсия Хуршедҷон Абдураҳмонов дар рӯзи 5-уми майи соли ҷорӣ ба ҳангоми адои хидмат дар хиёбони Ҷомии пойтахт, шаҳрванд Абдулоев Мансурҷон, ронандаи автомашинаи тамғаи *Мерседес-Бенс*, рақами давлатиаш ВМ 80-79 01/РТ-ро барои таҳқиқи ҳуҷҷати ронандагӣ манъ мекунад.

Ронанда, ки таҳти таъсири маводди мухаддир қарор доштааст, дар роҳ ба самти беморхонаи наркологӣ ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббӣ нозири роҳро мавриди латту кӯб қарор дода бо корд ӯро захмӣ ва аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад. Баъди дастгир ва иҷборан аз назорати табибон гузаронидан, маълум мешавад, ки Мансурҷон Абдуллоев аз истеъмоли зиёди маводди мухаддир дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштааст.

Зимнан ин ҳодисаи аввали латту кӯби кормандони БДА аз тарафи ронандаҳои мадҳуш нест. 12-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Қурбоншоҳ Шарифов-и 34 сола аз тарафи кормандони умури дохила дастгир мешавад, ки дар ҳамла ба корманди ГАИ дар ҳолати истеъмоли маводди мухаддир гумонбар донгиста мешавад.

Дар соли гузашта бар асари латту кӯби ронанда ва як нафари ҳамроҳи ӯ корманди БДА Равшан Шарифов ҷароҳатҳои сангин бардошта ва дар бемористон ҷон дод.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин ду нафарро муҷрим шинохта онҳоро барои 9 ва 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале бо татбиқи санади афви ахир, аз се як ҳиссаи мӯҳлати ҷазои онҳо кам карда шуд.
XS
SM
MD
LG