Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои ҷазои сахттар барои муттаҳамони марги Шарифов


Наздикони Равшан Шарифов, корманди ба ҳалокатрасидаи ГАИ (БДА) аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки парвандаи мазкурро барои тафтиши дубора боз гардонад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ин парванда хабар дод ва гуфт, наздикони Шарифов хостори муҷозоти шадидтари муттаҳамон дар қатли ӯ мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии ин парвандаро ба поён бурда ва баъд аз шунидани суханони охирини тарафҳо, қарор аст, то зуҳри имрӯз (10-уми апрел) ҳукми худро эълон кунад.

Додситон аз додгоҳ талаб кардааст, ки Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷонов, ду муттаҳами аслии ин парвандаро мутаносибан ба 10 ва 9 соли зиндон маҳкум кунад.

Гуфтанист, ин ду нафар дар латукӯби нозири роҳ Равшан Шарифов, ки боиси марги ӯ шудааст, муттаҳам мешаванд. Муноқишаи миёни нозири роҳ равшан Шарифов ва Саидмухтор Мирҷонов ва ҳамроҳи ӯ Озодбек Одинаев 28-уми апрели соли гузашта дар хиёбони Неъмат Қарабоев вақте сар мезанад, ки Мирҷонов қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда ва монеъ аз тартиб додани санади қоидавайронкунӣ аз сӯи нозири роҳ мешавад.

Шарифов бо ҳамкораш Толибҷон Қодиров мошини “Мерседес”-ро, ки дар чароғи сурх аз чорроҳа гузаштааст, нигоҳ дошта ва барои таҳияи протокол шурӯъ мекунад, вале ронанда бо ҳамсафараш аз мошин баромада ва Шарифовро лату кӯб кардаанд, ки номбурда баъди чанд муддат дар беморхона ҷон медиҳад.

Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷонов тибқи чаҳор банди Қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла барои авбошӣ, қасди додани пора, истифодаи зӯр алайҳи намояндаи ҳокимият ва расонидани зараре, ки аз бе эҳтиётӣ боиси марг шудааст, муттаҳам мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG