Пайвандҳои дастрасӣ

Франсуа Олланд пирӯзии худро дар интихоботи президентии Фаронса эълон кард


Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса дар ҳоле оғоз шуд, ки назарсанҷиҳо ҳикоят аз ғалабаи Франсуа Олланд бар Никола Саркозӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, раъйгирӣ рӯзи якшанбеи 6-уми май, соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллии Фаронса оғоз шудааст ва то соати ҳашти шаб ба поён расид.

Бар пояи натиҷаҳои мухаддамотиӣ, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса раҳбари Ҳизби Социалисти ин кишвар Франсуа Олланд 52 дар сад ва Николя Саркозӣ 48 дар сад райъ гирифтанд.

Дар даври нахустини интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса, ки бо ҳузури 80 дарсади воҷидини шароити раъйдиҳӣ баргузор шуд, оқои Олланд тавонист 28,7 дарсади раъйҳоро ба худ ихтисос диҳад ва Никола Саркозӣ бо касби 27,1 дарсад оро аз ӯ ақиб монд.

Ин бор низ бар асоси назарсанҷиҳо гуфта шуд, ки оқои Олланд бар Саркозӣ ғалаба мекунад.

Аз замони раёсати Франсуа Миттеранд, солҳои 1981-1995, Олланд якумин раис ҷумҳури чапгаро хоҳад буд, ки ба Кохи Елиза роҳ пайдо мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG