Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони бемори сил мехоҳанд ба Ватан баргарданд


Иззат Амон
Иззат Амон

Ахиран гурӯҳе аз Иттиҳодияи ҷавонони тоҷики муқими Русия аз аёдати 18 нафар тоҷикони бемори сил дар Красногорски Русия баргашт. Беморон гуфтаанд, ки худро ғариб эҳсос мекунанд ва мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Се ҳафта пеш аз вазъи ногувори муолиҷаи ин беморон донишҷӯёни таҷрибаомӯзи тоҷик ба радиои Озодӣ хабар дода буданд. Ин беморон ҳоло мехоҳанд муолиҷаро дар назди хешовандони худ идома диҳанд. 3 нафари беморон занон мебошанд.

Иззат Амон-раиси Иттиҳодияи ҷавонони муқими Русия сарпарастии ҷавононеро, ки ба аёдат рафтанд, бар ӯҳда дошт. Дар мусоҳибае аз вай пурсидам, бо гузашти се ҳафта дар муолиҷа ва сарнавишти ин беморон чӣ тағирот пеш омадааст?

Иззат Амон: Мо рафтем бо сардухтур ва дигар масъулони беморхона сӯҳбат кардем. Муттаассифона онҳо гуфтанд, ки ваъи беморон каме вазнин аст ва тибқи қонунҳои байналмиллалӣ табибон наметавонанд беморонро ба мо бидиҳанд. Ба гуфтаи табибон, вазифаи онҳо муолиҷаи беморон аст. Касалии сил касалии сирояткунанда аст ва гирифторони ин беморӣ то вақти шифо ёфтан иҷозаи берун рафтан аз марзро надоранд.

Суол: Худи беморон чӣ мегӯянд? Онҳо дар гузашта хоста буданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва муолиҷаро дар он ҷо идома диҳанд. Онҳо ҳанӯз ҳам ба ҳамин ақида ҳастанд?

Иззат Амон: Бале, онҳо мехоҳанд, ки куллан ба Ватан баргарданд. Медонед, баъзеи онҳо аз зиндагӣ дилсард шудаанд, илоҷи шифои ин беморӣ бисёр мушкил аст. Имрӯз шукри худо мо дар Тоҷикистон ҳам поликлинникаҳову бемористонҳои хеле хуб дорем, хеле муҷаҳҳаз ҳастанд. Имкони муолиҷаи онҳо дар кишвари худамон низ вуҷуд дорад. Мо аз раҳбарони бемористон хоҳиш кардем, ки ба мо имкон диҳанд ва мо маризонеро, ки аз ҳад гузаштаанд, ба Тоҷикистон интиқол диҳем. Барои ин кор ба мо маблағ зарур буд, ки муттаассифона мо ин маблағро ҳанӯз дар ихтиёр надорем. Баъд аз пайдо кардани маблағ мо аз паси ин кор хоҳем шуд.

Суол: Ба назари шумо нигоҳубини онҳо аз сӯи табибон қаноатбахш аст ё ба унвони шаҳрвандони кишвари дигар дилсардӣ дар муолиҷа аз сӯи табибон мушоҳида мешавад?

Иззат Амон: Албатта дилсардӣ мушоҳида мешавад. Хеле аз дӯстони мо, ки дар бемористон муолиҷа мегиранд, аз равиш ва шароити муолиҷа розӣ нестанд, чунки барои муолиҷаи ин беморӣ доруҳои гаронбаҳо лозиманд. Барои як шаҳрванди хориҷӣ дар як бемористони хориҷ аз кишвар пайдо кардани чунин шароит хеле мушкил аст. Ба ҳар тарз, ҳолу ҳавои кишвари худ дар назди хешу табор, ба фикрам, барои чунин беморон бештару беҳтар таъсир мегузорад, нисбат ба он доруҳое, ки худашон истифода мебаранд. Дар умум, вазъи нигоҳубин дар бемористонро ман манфӣ арзёбӣ мекунам. Барои ман он қадр маъқул нашуд.
XS
SM
MD
LG