Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт кушта дар ду таркиши Кобул


Бар асари ду таркиш, субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул - пойтахти Афғонистон дастикам 6 нафар кушта шуданд.

Яке аз ин ҳамлаҳо дар минтақаи Қобулбойи шаҳри Кобул ва дар муқобили як қароргоҳи вобаста ба нерӯҳои хориҷӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Генерал Аюби Солангӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Кобул дар маҳали ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, ки қурбониёни инфиҷорҳо ҳама афроди мулкӣ мебошанд. Аз сӯи дигар бархе аз афроди пулис дар маҳали ҳодиса гуфтаанд, ки дар ин рӯйдод 3 мактаббача кушта шуда ва як шаҳрванди Непол захмӣ гаштааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон,Сиддиқ Сиддиқӣ, зимни эъломи ин хабар гуфт, яке аз ин таркишҳо ҳамлаи интиҳорӣ буда ва дар наздикии шоҳроҳи Ҷалолобод -- яке аз роҳҳо ба самти Кобул сурат гирифта ва ҳадафи он минтақаи «Шаҳри сабз» будааст. «Шаҳри сабз» маҳали истиқрори чанд созмони муҳими байналмилалӣ ва аврупоӣ аст.

Толибон дар ҳоле масъулияти ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда гирифтаанд, ки чанд соат пеш аз он, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико баъди як сафари кӯтоҳмуддат аз Афғонистон хориҷ шуд.

XS
SM
MD
LG