Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи Кофӣ Аннон - охирин умеди ҳалли бӯҳрони Сурия?


Мақомоти 14 давлати ғарбиву арабӣ аз нақшаи сулҳи СММ ба унвони умеди охирини ҳалли бӯҳрони Сурия ҳимоят карданд. Мулоқоти Париж, ки дар он ба қавле дӯстони Сурия ҷамъ меоянд, тааҳҳуд кардааст, ки тамоми талошашро барои кӯмак дар иҷрои нақшаи Кофӣ Аннон равона хоҳад кард. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки ба хотири иҷрои шартҳои созиш болои президенти Сурия Башор Асад бештар фишор оварда шавад.

“Мо бояд дар Шӯрои амният барои иҷрои фасли ҳафтуми таҳримҳои қатънома, аз ҷумла дар бахши саёҳат, таҳримҳои молӣ, эмбаргои аслиҳа хеле сареъ амал кунем, то ки барои қабули нақшаи иборат аз шаш нуктаи Кофӣ Аннон фишор оварда шавад”.

Дар пешорӯи музокирот, ҳукумати Русия ба хотири даъват нашудани намояндаи Сурия ин гуфтугӯҳоро чун якҷониба интиқод кард.
XS
SM
MD
LG