Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аднон Рашид баъди фирор аз зиндон аз худ дарак дод


Аднон Рашид баъди фирор аз зиндон
Аднон Рашид баъди фирор аз зиндон
Яке аз фармондеҳони бонуфузи толибони Покистон Аднон Рашид баъд аз фирор аз зиндон як паёми видеоиро нашр кард.Дар ин паёми кӯтоҳ, ки барои хабарнигори Радиои Озодӣ фиристода шудааст, ӯ мегӯяд, ки баъд ҳашту ним соли маҳбас худро хеле хуб эҳсос мекунад.

Андон Рашид ҳамроҳ бо чаҳорсад маҳбуси дигар рӯзи 15 апрел бар асари ҳамлаи Толибон ба маҳбаси шаҳри Банну, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, чаҳордевори зиндонро тарк намуд.

Низомии собиқи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон Аднон Рашид соли 2005 барои ширкат дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG