Дар ҳуҷра як бухории худсоз, чанд кӯрпаву кӯрпача ва гилеми нимдошт ба назар мерасад. Ба хотири гарм нигоҳ доштани ин манзили вайрона, ба тирезаҳо латапора задаанд. Ба ҳамин манзили вайрона низ вай бо кӯмаки ҳуқуқии созмони “Ғамхорӣ”, ки бо ҳамкории ташкилоти "Акт Осиёи Миёна" ба сокинон ёрии бепули ҳуқуқӣ мерасонид, ҳаққи қонунӣ пайдо кард. Зеро қаблан ӯро хешовандони шавҳараш аз манзиле, ки дар он зиндагӣ мекард, мехостанд биронанд.
Аммо дахолати ҳуқуқшиносони ин созмони ҷамъиятӣ барои барқарор сохтани ҳаққи соҳибмулкии вай мусоидат кард. Шавҳари Меҳрнигор 15 сол аст, ки барои мардикорӣ ба Русия рафта, дар онҷо оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Ӯ ба хонаводаи тоҷикистониаш гаҳ-гоҳе маблағ мефристад, аммо он ҳам хеле кам.
Меҳрнигор 38-сола аст, аммо ба назар аз синну соли худ тахминан даҳ сол бузургтар менамояд. Ӯ дар мавсими кишту кор дар заминҳои хоҷагидорон, аз субҳи барвақт то шом кор мекунад ва дар як моҳ 60 сомонӣ ҳаққи заҳматашро мегирад. Ин маблағ ба ӯ танҳо барои харидории ним халта орд мерасад. Дар фасли зимистон зиндагиашро бо кӯмаки ҳамсояҳо ва хешовандонаш пеш мебарад. 4 моҳ пеш бародаронаш ба Меҳрнигор, барои истифодаи муваққатӣ як гови ҷӯшоӣ додаанд, ки ҳадди ақал аз гуруснагӣ наҷот ёбанд. Шири ин гов ва нон ғизои аслии хонаводааш аст.
Онҳо аз сабзиҷот дар фасли тобистон ва тирамоҳ истифода мебаранд, ҳамон вақте ки ҳосили замини наздиҳавлигии худро ба даст меоранд. Гӯшт барои оилаи Меҳрнигор маҳсулоти лазизтарин аст ва онро ё дар маъракаҳои ҳамсояҳо мехӯранд ва ё худашон дар рӯзҳои иди Қурбон ва Рамазон аз он ғизо таҳия мекунанд. Истеъмоли паниру моҳӣ ва дигар маҳсулоти муфиду хушлаззат барои онҳо орзуе беш нест.
Меҳрнигор мегӯяд, агар мабодо барояш 7,5 сомонӣ нафаре ҳадя кунад, пеш аз ҳама бо он 1 кило шакар мехарад, то ки бо он ҷисмашон нерӯманд шавад. Бо ин маблағ вай метавонад як деги калон угро таҳия кунад, ки хонаводааш онро камаш 3 рӯз мехӯранд.
Ба хотири ба даст овардани маблағ барои мубориза бо камбизоатӣ дар кишварҳои нодору дар ҳоли рушд ва ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии мардум аз 13 то 19-уми май Акт Осиёи Миёна дар Бритониёи Кабир маъракаи васеи ҳафтрӯзаи ҷамъоварии маблағҳои хайрияро ба хотири коҳиши камбизоатӣ, баргузор мекунад. Нафарони хоҳишманд, бо хайр намудани камаш 1 фунт стерлинг, ки баробар ба 7,5 сомонист метавонанд дар роҳи мубориза бо камбизоатӣ саҳм бигиранд. Маблағҳои ҷамъоварӣ шуда, барои роҳандозии барномаҳои ин созмон дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ба хотири тағйири зиндагии сокинон сарф хоҳад шуд.
Созмондиҳандагони маъракаи хайриявӣ бар он боваранд, ки ҳатто 1 фунт стерлинг метавонад зиндагии оилаҳои камбизоатро барои якчанд рӯз аз гуруснагӣ наҷот диҳад. Акт Осиёи Миёна дар беш аз 45 кишвари ҷаҳон ба хотири дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ ва мусоидат ба онҳо барои дастрасӣ ба зиндагии арзанда фаъолият мекунад.
Фирӯз Баротов,
мушовир оид ба масоили ВАО-и
"Акт Осиёи Миёна" дар Тоҷикистон