Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи сафари ду фаъоли қазоқ ба Аврупо


Ду фаъоли маъруфи ислоҳталаб дар Қазоқистон аз ҳаққи тарки кишвар ба хотири мулоқот бо мақомоти парлумони Аврупо маҳрум шудаанд. Болат Отабоев ва Ҷонболат Мамай ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Кумитаи амнияти миллӣ дархости онҳо барои сафар ба Аврупо дар поёни моҳи апрелро радд кардааст. Парлумони Аврупо ин фаъолонро барои баҳси вазъи феълии иҷтимоӣ ва сиёсии Қазоқистон даъват карда буд. Отабоев ва Мамай дар пайи боздид аз шаҳри Жанаозен, ки моҳи декабр дар ошӯби коргарони нафткаш дар ин шаҳр 16 кас кушта шуд, ба барангехтани адовати иҷтимоӣ айбдор шудаанд ва дар моҳи январ низ дархости сафари онҳо ба хориҷ радд шуда буд.
XS
SM
MD
LG