Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Вазирони умури хориҷӣ баҳси ҷазираҳоро баррасӣ мекунанд

Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ
Нишасти имрӯзаи вазирони умури хориҷии шаш кишвари минтақаи Халиҷи Форс дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, ба баҳси миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон бахшида мешавад. Ҳарду кишвар иддаои соҳибмулкии чанд ҷазираи хурд дар Халиҷи Форсро доранд.

Чанд рӯз пеш Аморати Муттаҳидаи араб аз сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба яке аз ин ҷазираҳо эътироз карда сафири кишварро аз Теҳрон боз хонда буд.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дирӯз аз кишварҳои арабии минтақа даъват кард, ки аз хирад кор бигиранд, дар акси ҳол, ҳушдор дод ӯ, онҳо ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Русия як ганҷи нуқраии қадимиро ёфтаанд

Девори қалъаи Коломна бо наққошии шоҳзода Дмитрий Донской дар муқобили артиши тоторҳо. Акс аз феврали соли 2016
Девори қалъаи Коломна бо наққошии шоҳзода Дмитрий Донской дар муқобили артиши тоторҳо. Акс аз феврали соли 2016

Дар шаҳри Коломнаи вилояти Маскав дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ ганҷи қадимиву бисёр арзишманде пайдо шудааст. Гурӯҳи донишмандони Пажӯҳишгоҳи археологияи Академияи илмҳои Русия, ки бо ковишҳо дар маркази шаҳри Коломна машғул будааст, дар наздикиҳои қалъа як кӯзаро пайдо кардааст, ки дар дохилаш 2600 тангаи нуқраии қадимии сохти маҳаллӣ ҷой дошт. Дар ин бора рӯзи 26 август худи донишмандон бо нашри як видео хабар доданд.

Донишмандон мегӯянд, ки аксари ин тангаҳо дар асри 15 дар худи Коломна сохта шудааст. Коломна дар он давра баъди Маскав дуюмин муҳимтарин шаҳри таҳти назари шоҳзода Василий Донской будааст. Донишмандон мегӯянд, ки дар миёни бозёфтҳои онҳо ҳам намунаҳое аз тангаҳои шинос ва ҳам бисёр нодир ё беназир дида мешаванд.

Худи ганҷи ёфтшуда азимтарин намунае аз бозёфтҳои асри 15 дониста мешавад. Тахмини донишмандон ин аст, ки тангаи зиёде дар як кӯза метавонад моли кадом соҳибкор ё сокини маҳаллии сарватманде бошад, ки дар хидмати шоҳзода қарор доштааст.

Ҷасади хоҳарони дар Иморот кушташударо ба Қазоқистон интиқол доданд

Шарҷа. Акс аз бойгонӣ
Шарҷа. Акс аз бойгонӣ

Консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Дубай ҷасади ду хоҳари ба таври мармуз кушташуда дар Шарҷаро ба ватан интиқол додааст. Тафтиши ҳодисаи куштори хоҳарон Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо аз тарафи мақомоти тафтишотии Имороти Муттаҳидаи Араб идома дорад ва дипломатҳои Қазоқистон бо додситонии маҳаллӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд.

Дар ин бора рӯзи 29 август Жонболат Усенов, сухангӯи ВКХ Қазоқистон дар Телеграм-каналаш хабар додааст.

Хабари пайдо шудани ҷасади ду шаҳрванди Қазоқистон, хоҳарони 20 ва 22-сола дар шаҳри Шарҷа чанд рӯз пеш аз тарафи ВКХ нашр шуд. Хонаводаи Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо гуфтаанд, ки хоҳарон бо мақсади кор дар як ороишгоҳ ба Шарҷа рафта буданд ва бояд моҳи сентябр бармегаштанд.

Як ҳафта пеш аз фоҷеа тамоси онҳо бо хонавода пурра қатъ шуд. Ҷасади хоҳаронро дар як хонаи иҷора пайдо карданд. Як хеши ин хоҳарон ба нашрияи Tengrinews.kz гуфтааст:

“Мо онҳоро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ кардем, ҳатто фикр кардем, ки шояд дар идораи полиси муҳоҷират бошанд. Вале дирӯз ба мо гуфтанд, ки ду ҷасадро ошкор карданд ва онҳо хоҳарони мо ҳастанд. Онҳоро куштаанд ва як нафарро ҳам бо гумони содир кардани ин куштор аллакай боздошт кардаанд. Ӯ ҳам аз Қазоқистон аст”. Вале маълум нест, то куҷо ин ҳама маълумот дуруст аст ва чӣ сабаб буд, ки ин куштор рӯй додааст.


Беш аз 600 қурбонии офатҳои Непал; номаи андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ин кишвар  

Шумори қурбониёни обхезии мудҳиш дар Непал ва Тибет 623 нафарро ташкил дода, боз наздики се ҳазор кас беномунишон дониста мешаванд. Дар ин бора рӯзи 29 август DW бо истинод ба мақомоти Непал ва Чин хабар дод.

То рӯзи шанбе дар Непал ҷасади 616 ва дар Тибет 7 нафарро пайдо ва шиносоӣ карданд. Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфт, дар фоҷеаи рӯзи чоршанбе 93 ҳазор кас зарар дид.

Рӯзи 29 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллияте ба унвонии раиси ҷумҳурии Непал Рам Чандра Паудел аз талафоти сершумори ҷонӣ, осеб дидани теъдоди зиёди мардум ва харобиҳо изҳори андӯҳ кардааст.

Рӯзи 26 август баъди он ки як пора яхи азим ҳамроҳ бо лою санг ба як дарёи кӯҳӣ афтод, оби зиёде соҳилро рахна карда, деҳоти маҳалли зисти атрофи онро пахш ва босуръат ба дигар минтақаҳо ҳаракат карда ба сели харобиоваре табдил шуд.

Зарбаи сангинтарини офати табиӣ ба қитъаи роҳи Катманду-Лҳаса расидааст, ки як роҳи бисёр маъруфи туристӣ ба ҳисоб меравад. Дар миёни нопадидшудаҳо садҳо ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳам мебошанд.

Ҷустӯҷуи азизон дар зери гилу вайронаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Раҳмон ва Путин дар Бишкек бо ҳам мулоқот мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Санкт-Петербург, 22-юми декабри 2025
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Санкт-Петербург, 22-юми декабри 2025

Рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Бишкек мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Ин мулоқот баъди анҷоми ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) барпо хоҳад шуд, ки қарор аст рӯзи 31 август дар пойтахти Қирғизистон ҷараён гирад.

Дар бораи мулоқоти ду президент ёвари Путин – Юрий Ушаков хабар дод. Ӯ гуфт, баъди он ки ҷаласаи СҲШ ва ҳама чорабиниҳои дигар ба анҷом мерасанд, Путин дар чанд мулоқоти дуҷониба иштирок хоҳад кард ва якеаш бо раҳбари Тоҷикистон аст.

Ушаков нагуфт, ки дар ин дидор чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Бори охир Путин ва Раҳмон нӯҳ моҳ пеш, рӯзи 22 декабри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд (СНГ) дидор карда буданд ва дар кори он Путин ваъда дод, омилони куштори навраси тоҷик Қобилҷон Алиев ҷазо хоҳанд гирифт.

Маълум нест ҷараёни тафтишот чӣ гуна пеш меравад, вале куштори ин кӯдак як намунаи бераҳмии махсус нисбат ба як кӯдаки муҳоҷирон дониста мешавад.

Мулоқоти Путин ва Раҳмон дар ҳоле барпо мешавад, ки дар Русия аз аввали моҳи сентябр қоидаҳои хеле сахту маҳдудкунандаи қабули муҳоҷирони корӣ ҷорӣ мешавад ва изҳороти муҳоҷирситезонаи сиёсатмадорону намояндагони давлати ин кишвар бештару баландтар садо медиҳанд.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав баҳори соли 2024, дар Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик ҳарчи бештар шуда, Думаи давлатӣ даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи фаъолияти коргарони хориҷиро қабул кард.

Вакили мардумии Русия гуфт, тоҷикон “чӣ даркоранд?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Эълони нави даъват ба артиш дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомот хостааст, ки ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш даъват кунанд. Фармон дар ин бора рӯзи 28-уми август имзо шуд.

Даъват аз аввали моҳи октябр то охири ноябри имсол бо ҳузури маъмурони милиса ва амниятӣ идома хоҳад кард. Дар ин муддат сарбозонеро, ки муҳлати хидматашон ба поён расидааст, ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд.

Тибқи фармони нав, Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки "барои муоинаи даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд".

Тайи солҳои охир ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳо бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Аз ҷумла, моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурданд.

Даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол бо сарусадо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ё сарбозшикор (облава) мегузарад.

Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд.

Мақомот баръакс мегӯянд, вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.

навшуда

Нишони дараҷаи як. Эмомалӣ Раҳмон ба писараш ҷоиза дод

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ. Шаҳри Душанбе, 28-уми августи 2026.
Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ. Шаҳри Душанбе, 28-уми августи 2026.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 28-уми август хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ "барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи кишвар ба ин ҷоиза сарфароз гашт."

Бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ асосан раҳбарони кишвару ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд.

Тақдими ҷоизаҳо ба кормандони давлатии Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли кишвар сурат гирифтааст. Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябр таҷлил мешавад.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кард, дида мешавад, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам ҷоиза гирифтааст.

Инчунин, Абдумаҷид Достиев, вакили бонуфузи собиқи порлумон ва Маҳмасаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва аз ҳамсафони пешини Эмомалӣ Раҳмон дар ин аксҳо дида мешаванд.

Хабари тақдими орден ё нишон ба Рустами Эмомалӣ то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Гурӯҳе, бавижа ҷонибдорони ҳукумат, онро дурусту арзанда донистаанд, аммо намояндагони мухолифон дар навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онро танқид карданд.

Илҳомҷон Ёқубов, як намояндаи мухолифин, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама медонанд, ки Рустами Эмомалӣ ба мардум ва миллати тоҷик ягон қаҳрамонӣ ё хидмати шоистае анҷом надодааст. Бубинед, масъалаи барқ то худи пойтахт расидааст ва ҳалли худро наёфтааст. Аммо президент бо ин амалаш мехоҳад ӯро аз чеҳраҳои асосии ояндаи давлат нишон диҳад."

Абдусаттор Бобоев, яке дигар аз фаъолони мухолифон, дар паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ айни назарро баён кард: "Ин як паёми ҷаноби Раҳмон ба мардум, доираҳо ва сохторҳои махсус аст, ки хоҳед ё нахоҳед Рустами Эмомалӣ дар оянда раисҷумҳури шумо хоҳад буд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Раҳмон ба писараш ҷоиза дод. Вокуниши мухолифон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Бори аввал нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон пайвандонашро бо нишонҳои баланд қадрдонӣ мекунад. Дар соли 2025 ба духтараш Озода Раҳмон унвони фахрии Корманди шоиста ва аз он пеш ордени "Шараф" (дараҷаи як) дод. Ба домодаш, Шамсулло Соҳибов, низ ордени “Шараф” (дараҷаи II) додааст.

Эмомалӣ Раҳмонро, ки 34 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, барои тамаркузи қудрат ва таъйини аъзои оила ва хешовандонаш дар мақомҳои муҳими раҳбарӣ сахт танқид мекунанд.

Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баъзе аз духтарони дигар ва домодҳояш ҳам дар идораҳои давлатӣ мақомҳои гуногун ва баландро соҳиб шудаанд.

Дар Узбекистон 852 зиндониро афв кардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, қарори афви 852 зиндонӣ, аз ҷумла ҳафт хориҷиро имзо кардааст.

Ин тасмим дар остонаи 35-умин солгарди истиқлоли Узбекистон эълон шуд.

Ба гузориши телевизиони давлатии "Узбекистон 24", 604 нафар пурра аз ҷазо озод ва 115 кас шартан пеш аз муҳлат раҳо гаштанд.

375 нафар аз афвшудагон ҷавонон, 49 нафар зан ва 37 нафар мардони аз 60-сола боло ҳастанд.

Шавкат Мирзиеёв аз соли 2017 то кунун даҳуним ҳазор маҳкумшударо дар Узбекистон афв кардааст.

Ӯ дар моҳи марти соли 2026, дар остонаи ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон, 392 зиндониро "бахшид".

Трамп гуфт, Путин "ба қаламрави НАТО ҳамла нахоҳад кард"

Доналд Трамп. Акс аз 2-юми августи соли 2026
Доналд Трамп. Акс аз 2-юми августи соли 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин, ба кишварҳои узви Паймони низомии НАТО ҳамла нахоҳад кард.

"Мо бо ӯ музокироти хуб доштем. Қасди ҳамла ба хоки НАТО-ро надорад," – афзуд Трамп рӯзи 27-уми август дар Кохи Сафед ба хабарнигорон.

Президенти Иёлоти Муттаҳида пештар дар мусоҳиба бо нашрияи "Axios" низ гуфта буд, ки "ҳеч ҳамла нахоҳад шуд" ва раиси CIA ё созмони истихборотии Амрико барои расондани ягон паёми мушаххас ба Маскав нарафтааст.

Ҷон Рэтклифф, раиси созмони истихборотии Амрико, рӯзи 25-уми август ба Русия рафт.

Баъзе аз расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Politico, The Wall Street Journal ва ABC News бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки ҳадафи сафари ӯ боздоштани Русия аз шиддат бахшидани низоъ бо ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО будааст.

Ба гуфтаи манобеи Politico, Рэтклифф инчунин ба Маскав фишор овардааст, то пуштибонии низомӣ ва иқтисодиро аз Эрон кам кунад.

Доналд Трамп дар мусоҳиба бо "Axios" гуфт, "Рэтклифф ҳар шаш моҳ ё соле як бор бо ҳамтои руси худ мулоқот мекунад. Муносибати онҳо бисёр хуб аст. Ҳеч паёме набуд, ҳамон тавре ки ҳеч чизи ғайриодӣ вуҷуд надошт."

Аз суханони Трамп бармеояд, ки мавзӯи асосии музокироти намояндагони Амрико ва Русия ҷанг дар Украина будааст.

Сафири Эронро дар Чехия барои суханҳои Шикорчӣ эҳзор кардаанд

Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага
Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага

Як рӯз пас аз изҳороти сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Вазорати корҳои хориҷии Чехия сафири Ҷумҳурии Исломиро дар ин кишвар эҳзор кардааст. Хабарро Петр Мачинка, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех, рӯзи 27-уми август эълон намуд.

Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи 26-уми август дар мусоҳибае иддао кард, ки бахши форсии "Би-би-сӣ", "Ирон Интернешнл" ва "Радиои Фардо", бахши форсии Радиои Озодӣ ба "рӯйхати ҳадафҳои низомӣ" шомиланд. Радиои Фардо дар шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, қарор дорад.

"Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба ин муассисаҳои хабарӣ ҳамчун расона нигоҳ намекунанд," – гуфт Шикорчӣ ва иддао кард, ки онҳо бо "Моссад" ва CIA, созмонҳои истихборотии Исроил ва Амрико, мустақим иртибот доранд.

Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо сармояи Конгрес ва зери назорати Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) фаъолият мекунад. Ин расона рӯзи 27-уми август дар матлабе нигошт, ки бо CIA ё Моссад ягон иртибот надорад.

"Радиои Фардо ҳамеша талош кардааст, ки барои мухотабони форсизабон хабар ва гузоришҳои дақиқу бетарафонаро пешниҳод кунад," – гуфта шудааст дар ин матлаб.

Бори аввал нест, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ расонаҳои форсизабони берун аз Эрон ва кормандони онҳоро "агенти хориҷӣ, ҷосусҳо, таҳдидҳои амниятӣ" номидаанд. Аммо бесобиқа аст, ки як мансабдори Ҷумҳурии Исломӣ ин расонаҳои хабариро ҳамчун "ҳадафҳои низомӣ" эълон кунад.

Ратко Младич, "Қассоби Босния", даргузашт

Додгоҳи байнулмилалӣ соли 2017 Ратко Младичро барои нақшаш дар ҷиноятҳои ваҳшатнок дар Аврупо пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба зиндони умрбод маҳкум кард
Додгоҳи байнулмилалӣ соли 2017 Ратко Младичро барои нақшаш дар ҷиноятҳои ваҳшатнок дар Аврупо пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба зиндони умрбод маҳкум кард

Ратко Младич, фармондеҳи низомии сербҳои Босния, рӯзи 27-уми август дар 84-солагӣ дар шаҳри Ҳейг (Гаага) даргузашт. Ҷое, ки бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум шуда, адои ҷазо мекард.

Ӯ бо лақаби "Қассоби Босния" низ маъруф буд.

Младич, ки шонздаҳ сол аз ҷавобгарӣ мегурехт, моҳи майи соли 2011 дар Сербистон боздошт ва соли 2017 дар шаҳри Гаага ба зиндони умрбод маҳкум шуд.

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ин фармондеҳи собиқро дар заминаи куштори 8 ҳазор мусулмони босниягӣ дар соли 1995 дар Сребренитса ба наслкушӣ гунакҳор донист.

Ратко Младич, инчунин, барои ба ваҳшат андохтани аҳолии осоишта ҳангоми муҳосираи Сараево ва ҷиноятҳои дигари ҷангӣ дар ҷараёни даргирии солҳои 1992-1995 дар Босния ва Ҳерзеговина айбдор шуд.

Ҳарчанд худаш иттиҳомҳоро напазируфта, бозбинии ҳукмашро хоста буд, додгоҳ онро бидуни тағйир гузошт.

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба анборҳои Ozon дар ду шаҳри Русия

Анбори ширкати Ozon дар Уфа
Анбори ширкати Ozon дар Уфа

Дронҳо ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина шаби 27-уми август ба анборҳои ширкати Ozon дар Оренбург ва Уфа ҳамла кардаанд.

Ширкати Ozon гуфтааст, кормандонро фаврӣ ба ҷойи амн кӯчонданд ва тибқи маълумоти ибтидоӣ “касе осеб надид”.

Гуфта мешавад, анбори Ozon дар Оренбург дубора кори худро сар кардааст, аммо анбори Уфа муваққатан бастааст.

Дар ширкат гуфтанд: “Ҳоло дар Уфа бор қабул намекунем. Молҳое, ки дар роҳ ҳастанд, ба марказҳои дигар фиристода мешаванд.”

Шаби гузашта шаҳри Стерлитамак дар Русия низ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифтааст.

Вазорати дифои Русия гузориш дод, ки шаби гузашта 267 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро раҳгирӣ ва нобуд кард.

$18 млн. ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи ду раҳбари ДОИШ

Саноуллоҳ Ғаффорӣ, раҳбари "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ
Саноуллоҳ Ғаффорӣ, раҳбари "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, барои маълумоте, ки боис ба боздошти ду раҳбари "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ шавад, 18 миллион доллар ҷоиза хоҳад дод.

Иёлоти Муттаҳида гурӯҳи ДОИШ-ро созмони террористӣ медонад.

Барномаи "Подош барои адолат" рӯзи 25-уми август нашр шуд. Тибқи он, барои маълумот дар бораи Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур ба Шаҳоб Ал-Муҳоҷир, раҳбари ҳозираи "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ҳашт миллион доллар ва барои маълумот дар бораи Убайдуллоҳ, раҳбари дигари ин гурӯҳ, 10 миллион доллар ваъда додаанд.

Убайдуллоҳ, аз раҳбарони "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ.
Убайдуллоҳ, аз раҳбарони "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ.

"Барномаи подош барои адолат" гуфтааст, афроди "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ҳамлаҳоеро бар ҳамоишҳои эътирозии мардум, маҳалҳои мусиқӣ, майдонҳои ҳавоӣ ва ҷойҳои дигар созмондиҳӣ кардаанд, ки дар натиҷа садҳо ғайринизомии бегуноҳ кушта шудаанд.

Ин барнома Ғаффориро масъули аслии ҳамлаҳои анҷомшуда аз сӯи "Шохаи Хуросон" дар Афғонистон ва Убайдуллоро масъули умури молӣ ва амалиётии ин гурӯҳ хондааст.

Дар беш аз панҷ соли ҳукумати Толибон бар Афғонистон, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ масъулияти бисёре аз хунинтарин ҳамлаҳоро дар чандин вилояти Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобул, бар уҳда гирифтааст.

Амрико баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт

Ҳукумати президент Доналд Трамп баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт. Манзур раводидҳои кӯчидан ба Амрико бо даъвати хешу табори наздик аст. Аз он бештар касоне истифода мекарданд, ки солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳида расман муқим шудаанд.

Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА гуфт, додани чунин визаҳо замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳамаи кормандони консулгариҳои ин кишвар давраҳои махсуси омӯзишро сипарӣ кунанд. Аммо муҳлати ин омӯзишҳо эълон нашудааст.

Гуфта шуд, ҳадаф аз омӯзишҳо шеваҳои таҳқиқи ҳар дархости кӯч ба Амрико аст. Ҳукумати Доналд Трамп мехоҳад, дар мавриди ҳар хостори муҳоҷират маълумоти кофӣ ва ҳамаҷониба дарёфт кунад ва ба натиҷае расад, ки дархостдиҳанда дар оянда ба ҳимояти молии ҳукумат муҳтоҷ намешавад.

Доналд Трамп мегӯяд, ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд
Доналд Трамп мегӯяд, ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд

Пештар рӯзномаи Financial Times хабар дод, ки дархостдиҳандаҳое, ки кайҳо даъватномаи мусоҳиба гирифта буданд, аз таъхир ёфтани онҳо огоҳинома гирифтаанд. Барояшон гуфта шудааст, ки санаи нави мусоҳиба дертар муайян хоҳад шуд.

Ҳафтаи равон Департаменти давлатӣ гуфт, раводиди 200 000 шаҳрванди хориҷиро бекор мекунад, зеро онҳо бо визаҳои ҷаҳонгардӣ ё тиҷорат вориди Иёлоти Муттаҳида шуда, сипас дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Бино бар хабари "Рейтерс", Трамп маъракаи шадиди ихроҷро пеш мебарад ва сиёсати муҳоҷиратро сахттар мекунад. Аз ҷумла, кортҳои сабзи муҳоҷират ё дархости раводид бо сабабҳои гуногун, монанди боварҳои сиёсӣ ва тарафдорӣ аз Фаластин, ҷиноятҳои гуногун бекор карда мешаванд. Доналд Трамп иддао дорад, ки ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд.

Додгоҳи Амрико рӯзи 22-юми август қарори Департаменти давлатиро барои қатъи додани раводиди муҳоҷирати шаҳрвандони 75 кишвар бекор кард ва онро ғайриқонунӣ донист. Додрас хадамоти консулиро берун аз салоҳияти Департаменти давлатӣ номид ва котиби он Марко Рубиоро барои гузаштан аз ҳадди ваколатҳояш сарзаниш кард.

Ҳалокати 15 навзод дар сӯхтори як бемористон дар Исломобод

Бемористони маъруф ба PIMS дар шаҳри Исломобод. 26-уми августи 2026
Бемористони маъруф ба PIMS дар шаҳри Исломобод. 26-уми августи 2026

Бар асари сӯхтор дар бахши занон ва зоймони "Муассисаи улуми тиббӣ", маъруф ба PIMS, дар шаҳри Исломобод 15 навзод ҷон бохтаанд.

Ҳодиса субҳи 26-уми август рӯй дод.

Нахуствазири Покистон фоҷеаро ба мушкил дар дастгоҳи ҳавополо ё “кондитсионер” рабт дод.

Ба гузориши телевизиони “GEO”, сӯхтор дар табақаи севуми "Бемористони модар ва кӯдак" соати ҳафти субҳи чоршанбе сар задааст.

Дар онҷо 16 тифлро нигоҳ медоштанд, аммо танҳо як нафарашро наҷот дода тавонистанд.

Мустафо Камол, вазири тандурустии Покистон, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, "навзодон ё дар дастгоҳи инкубатор буданд ва ё аз капсули оксиген истифода мекарданд".

Баъзе аз волидон талаб доранд, ки ҷасади кӯдаконашонро ба онҳо бидиҳанд.

“Ман ҳатто рӯйи духтарамро надидам. Шароит дар дохили ҳуҷра бисёр бад буд. Ман ба инҷо ҳашт рӯз пайиҳам меомадам, вазъият бисёр аҷибу ғариб буд. Ҳама дарҳо баста буданд, барои дидани кӯдакон танҳо як дар боз мешуд. Дарҳои дигарро баста нигоҳ медоштанд, то мо ба назди кӯдакон зиёд рафтуомад накунем,” – гуфт Мудассир, падари як навзоде, ки дар сӯхтор ҷон бохтааст.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ба мақомоти кишвараш амр додааст, ки фоҷеаро билофосила таҳқиқ карда, сабабгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп айвон туҳфа кардааст

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо Доналд Трамп, президенти Амрико
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо Доналд Трамп, президенти Амрико

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, ба ҳамтои амрикоии Доналд Трамп айвон туҳфа карда будааст.

Нашрияи The New York Times рӯзи 21-уми август навишт, айвонҳои Узбекистонро, ки "ҳунармандона" сохта шудаанд, дар Боғи милии қаҳрамонони Амрико ҷой хоҳанд дод.

Ин боғ дар Вашингтон дар марҳилаи ибтидоии бунёд шудан аст ва тарҳаш ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Аз ин пеш, Қатар ба Доналд Трамп як ҳавопаймои боҳашамат ва Арабистони Саудӣ бабр ҳадя дода буданд.

Фурқат Сиддиқов, сафири Узбекистон дар Амрико, гуфтааст, туҳфаи президенти Узбекистон “рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ” аст.

Пас аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шуд. Тирамоҳи соли гузашта, дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк, Трамп ва Мирзиёев мулоқот карда буданд.

Ду кишвар аз баста шудани созишномаҳои миллиарддолларӣ хабар доданд.

Мирзиёев гуфта буд, ки дар Узбекистон Трампро “президенти сулҳовар” медонанд. Трамп дар навбати худ Мирзиёевро “оқил” хонд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG