Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Якшанбеи хунин". Оғози ошӯбҳои баҳории Толибон


Даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои афғон ва афроди мусаллаҳ дар Кобул пас аз ҳудуди 20 соат поён ёфтанд.

Фармондеҳии амнияти Кобул дар як хабарнома гуфтааст, ки ҳамаи ҳамлагаронро аз байн бурдаанд.

Генерал Муҳаммадаюби Солангӣ, фармондеҳи амнияти Кобул пас аз поёни даргириҳо дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъият дар Кобул ба ҳолати оддиаш баргаштааст.

Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо силсилаи ҳамлаҳо дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистонро шадидан маҳкум карданд. Вазорати умури хориҷии Амрико ин ҳамлаҳоро “тарсувор” ва "талоши ба ҳам задани раванди ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон" номид.

Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки аз талошҳои ҳукумати Кобул барои эътидоли авзоъ дар Афғонистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон бар асари таркишҳо, тирандозӣ ва ҳамлаҳои ҷудогона, ки рӯзи якшанбе анҷом шуданд, дасти кам 19 тан аз ҳамлагарон, аз ҷумла, чанд маргталаб, ба ҳалокат расида, ду нафари дигар асир уфтоданд.

Дар ин ҳодисаҳо ҳамчунин 14 корманди полис ва 9 сокини осоишта ҷон бохтанд. Ба иттилои вазорат, арқоми дақиқ дар бораи талафот дар ҳамлаҳои рӯзи гузашта баъдан нашр хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Кобул, дар шарқи пойтахт корвони мошинҳои низомиёни Фаронса ва Юнон ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ба думболи он задухӯрд ба амал омад.

То шоми рӯзи гузашта (15-уми апрел) даргириҳо дар наздикиҳои бинои парлумон ва минтақаи дипломатии Шерпур идома доштанд. Аз ин пеш мақомоти амниятии Афғонистон хабар доданд, ки ҳамлагарон аз шаҳрҳои Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор ва Гардез, маркази вилояти Пактиё берун карда шуданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт. Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи ин ҷунбиш гуфт, ки ҳамлаҳо ибтидои “ошӯби баҳориянд” ва пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд.

"Якшанбеи хунин"-и Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG