Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷии G8: "Саркашии Эрон нигаронкунанда аст"


Ҳилларӣ Клинон, вазири умури хориҷии Амрико.
Ҳилларӣ Клинон, вазири умури хориҷии Амрико.

Вазирони хориҷии 8 кишвари саноатии ҷаҳон аз Эрон хостаанд, ки “бидуни ҳеҷ шарту шароит дар музокироти созандаву ҷиддӣ” ширкат намояд.

Музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар поёни ҳафтаи ҷорӣ дар Истамбули Туркия баргузор мешавад.

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон дар поёни мулоқоти худ дар Вошинтгтон эъломияе ба тасвиб расонданд ва дар он омадааст, “саркашии пайдарпаи Эрон аз иҷрои ӯҳдадориҳояш, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ нишон дода шудааст ва саркашиҳои Эрон аз дархостҳои Шӯрои мудирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ, сабаби нигарониҳои фаврӣ шудааст”.

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе дар поёни мулоқоти Вошингтон изҳор дошт, “Музокироти Истамбул ба Эрон имкон медиҳад, ки ба нигарониҳои маҳофили байналмиллалӣ посух диҳад.

Вай бо ишора ба мақомоти Эрон гуфт: “Мо мехоҳем, ки онҳо ба таври равшан дар амал ҳадафҳои худро нишон диҳанд, ки воқеан ҳам аз барномаҳои ҷоҳталабонаи аслиҳаи ҳастаии худ даст мекашанд”.

Эрон мегӯяд, ки бо пешниҳодҳои “нав” бар сари мизи музокирот бармегардад, то мухолифатҳо бар сари барномаҳои ҳастаиаш бартараф шавад. То ҳол Эрон иддао мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад, вале маҳофили байналмиллалӣ шак доранд ва мегӯянд, ки Эрон барномаҳои эҷоди аслиҳаи ҳастаии худро пинҳон медорад. Эрон дар бораи пешниҳодҳои “нав”-и худ чизе нагуфтааст.

Маҳофили байналмиллалӣ аз музокироти қарибулвуқуи Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ умеди зиёд доранд. Аз сӯи дигар Исроил мегӯяд, ки агар Эрон ҳамчунон ба такмили барномаҳои ҳастаиаш идома диҳад, таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод. Дар ҷавоб ба ин таҳдиди Исроил, Эрон таҳдид кард, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро мебандад. Ҳурмӯз роҳи аслии обист, ки нафти Халиҷи Форс ба ҷаҳони хориҷ тавассути он интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG