Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин паёми Путини сарвазир ба Думаи давлатӣ


Владимир Путин ҳини суханронӣ дар Думаи давлатӣ, 11-уми апрели соли 2012.
Владимир Путин ҳини суханронӣ дар Думаи давлатӣ, 11-уми апрели соли 2012.

Владимир Путин, имрӯз бори охир дар Думаи давлатии Русия ба ҳайси нахуствазир суханронӣ кард.

Путин тамоми гурӯҳҳои сиёсиро ба ҳамкорӣ хонд ва аз дастовардҳои 4 соли раҳбариаш дар раёсати кобина тавсиф кард.

Ҷаноби Путин аз тамоми нерӯҳои сиёсии ин кишвар даъват кардааст, ки дар пайи ба истилоҳ “муҳорибаҳои сиёсӣ”-и марбут бо интихоботи парлумониву президентӣ канори ҳам омада, ба нафъи кишвар кор кунанд.

Ӯ ҳангоми ироаи паёми солонаи сарвазир ба парлумон гуфт, чаҳор ҳизби мавҷуд дар Думаи давлатӣ-палатаи поёнии парлумони Русия бояд ҳамкорӣ намоянд: “Русияи мо яктост ва рушди муосиру пешрафти он бояд ҳадафи тамоми нерӯҳои сиёсии созанда бошад.”

Путин дар интихоботи 4-уми март пирӯз шуда, баъди таваққуфи чаҳорсола, 7-уми май бори сеюм ба курсии раёсатҷумҳурии Русия хоҳад нишаст. Пешбинӣ мешавад, ки Путин президенти кунунӣ Дмитрий Медведевро ба мансаби сарвазири Русия пешбарӣ кунад.

Путин чаҳорсоли сарвазириашро пурсамар номида иброз дошт, ки ҳукумат муҳорибаҳои сиёсӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва демографиро пушти сар кард.

Айбномаҳои тақаллуб дар интихоботи парлумони моҳи декабр ва яккатозии Путин дар саҳнаи сиёсии кишвар, боиси эътирозҳои шадид мухолифин шуданд.

Ҳангоми вуруди Путин ба толори Дума, вакилони мардумӣ аз ҳизби Русияи одил ё худ Справедливая Россия ба нишони эътироз аз ҷойҳояшон барнахостанд.
XS
SM
MD
LG