Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB: Рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт


Бонки осиёии рушд мегӯяд, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол 1,9 фоиз коҳиш ёфта, 5,5 дарсадро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон 7,4 фоиз рушд дошт, ки ба назари иқтисоддонҳо, дар натиҷаи ба 3 миллиард доллар расидани ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирон аз Русия ва таъсири ин маболиғ ба рушди соҳоти дигар ба даст омадааст. Бонки осиёӣ дар қатори афзоиши нархи ғизову маводи сӯхт, хароҷоти ҳангуфти ҷашниро низ аз омилҳои таваррумзо барои Тоҷикистон ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG