Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба Кобул: "Боздошти атбои моро шарҳ диҳед"


Зиндони Пули Чархӣ дар Кобул - пойтахти Афғонистон аз ҷумлаи бузургтарин маҳбасҳои ин кишвар ба шумор меравад.
Зиндони Пули Чархӣ дар Кобул - пойтахти Афғонистон аз ҷумлаи бузургтарин маҳбасҳои ин кишвар ба шумор меравад.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз Афғонистон хостааст, ки далоили боздошт ва се сол дар зиндон нигаҳ доштани 3 шаҳрвандашро шарҳ диҳад.

Як манбаъ дар додситонии Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард, аммо тафсилоти бештар надод.

Ширинбек Искандаров, Виктор Сой ва Ҳасан Отараев – се шаҳрванди Тоҷикистон соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи ҳастаӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Додгоҳи Афғонистон онҳоро дар оғоз ба мӯҳлатҳои аз 6 то 15 ва сипас аз 2 то 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ширинбек Искандаров бо дахолати шахсии президенти Тоҷикистон соли 2011 ва Яков Сой бо мусоидати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон баргаштанд. Ҳасан Отараев тирамоҳи соли 2011 дар зиндони Пули Чархии Афғонистон фавтид.

Ширинбек Искандаров пас аз озодӣ аз ҳукумати Афғонистон барои се соли бегуноҳ зиндонӣ кардани худ ҷуброн талаб кард. Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи зиндони Пули Чархии Афғонистон мегӯяд, се соли ҳаёти ӯ дар ин кишвар бо ҷурми мақомоташ барабас рафта, хисороти бузурги маънавӣ ба оилааш низ расидааст.

Ӯ гуфта буд, аз вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мехоҳад, барои барқарор кардани адолат ва шаъну эътибораш аз ҳукумати Афғонистон талаби ҷуброн намояд. Вай афзуд, ҳоло вазорат ба Афғонистон дар ин маврид муроҷиат кардааст, ки амвол ва маблағи ҳангоми боздошт мусодирашудаи Ширинбек Искандаров баргардонида

Яков Сой, зиндонии дигар низ изҳор дошта буд, ки барои барои барбод рафтани се соли ҳаёташ мақомоти амниятии Қазоқистонро гунаҳкор медонад ва аз онҳо ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG