Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндони Пуличархӣ


Зиндони Пуличархӣ
Зиндони Пуличархӣ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, шаҳрванди раҳошудаи тоҷик аз зиндони Пуличархӣ ба зудӣ ба Ватан бар хоҳад гашт.

Яков Тсой, шаҳрванди Тоҷикистон, феълан дар сафорати кишвар дар Кобул қарор дошта, дар наздиктарин парвози ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода хоҳад шуд.

Тсой аз соли 2008 бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи "симоб Ҳамроҳи ӯ Ҳасан Отараев дар зиндони Афғонистон даргузашт. Нафари севум дар ин парванда Ширинбек Искандаров соли 2011 раҳо ёфта, ба Душанбе баргашт.

Ин се шаҳрванди Тоҷикистон тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх”, ки 300 миллион доллар арзиш доштааст, аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт мешаванд.

Яке аз ин маҳбусон Ширинбек Искандаров, танҳо бо дахолати раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиндон раҳо ва ба ватан бозгашта буд. Ӯ он замон дар сӯҳбат ба нашрияҳои Душанбе гуфт, ки онҳо барои роҳандозии тиҷорат, яъне бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Афғонистон ба он кишвар сафар карда буданд, на чизе дигар.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд, “дар асл ҳеҷ кадом аз ин се нафар на ба сохтмон сару кор гирифтаанду на ягон ширкати сохтмонӣ доранд. Яке духтур, дигарӣ нафақахӯр ва сеюмӣ ҷойи кори муайян надорад. Бино ба маълумоте, ки рӯи даст аст, онҳо на барои роҳандозии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, балки барои амалҳои ғайриқонунии дигар рафтаанд.”
XS
SM
MD
LG