Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ҳироту Ҳилманд ҷони 19 танро рабуд


Cаҳнаи таркиш дар қароргоҳи пулис дар вилояти Ҳирот.
Cаҳнаи таркиш дар қароргоҳи пулис дар вилояти Ҳирот.

Мақомоти афғон мегӯянд, рӯзи сешанбе бар асари чанд ҳамлаи интиҳорӣ дар ин кишвар, 19 нафар кушта шудаанд.

Хабаргузории Ройтерз шумори кушташудагони ин ҳамлаҳоро 19 нафар унвон мекунад ва шабакаи хабарии СНН қурбониёни ин ҳамлаҳоро «22 кушта ва 23 захмӣ» гузориш мекунад.

Ба навиштаи сайти хабарии СНН, бисёре аз қурбониёни ин ҳамлаҳо аз нерӯҳои пулиси Афғонистон будаанд.

Дар аввалин ҳамлаи интиҳорӣ, як мошин дар муқобили сохтмони идораи пулиси яке аз ноҳияиҳои вилояти Ҳирот мунфаҷир шуд. Нерӯҳои пулис монеи ворид шудани ин мошин ба дохили қароргоҳи пулис шуда буданд. Пулиси афғон мегӯяд, ду бомбгузор дар дохили мошин буданд ва худро мунфаҷир карданд. Дар ин ҳамла дастикам 14 нафар ҷони худро бохтанд.

Дар ҳамлаи дигар, се бомбгузори интиҳорӣ дар шаҳри Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд ба маркази пулис ҳамла карданд. Гузоришҳо мегӯянд, ду нафар аз ин бомбгузорҳо худро мунфаҷир карда ва нафари саввум аз тарафи пулис кушта шудааст. Ҳашт нафар низ дар ин амалиёт кушта шуданд ва раиси пулис захмӣ гаштааст. То ҳол масъулияти ин ҳамларо касе ва ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳафтаи гузашта низ дар ҳамлаи Толибон ба як постгоҳи марзӣ дар вилояти Фароҳ, дар ғарби Афғонистон, дастикам ҳашт «пулиси маҳаллӣ» кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, ин ҳамла нимашаб дар ноҳияи Хоки сафеди вилояти Фароҳ рӯй дод ва дастикам ҳашт тан аз аъзои шибҳи низомиёни мавриди ҳимояти давлат, ки ба номи «пулиси маҳаллӣ» хонда мешаванд, кушта шудаанд.

Толибон ин ҳамла ва ҳамчунин ҳамлаи дигаре, ки дар вилояти Форёб ба кушта шудани 12 тан, аз ҷумла се низомии амрикоӣ мунҷар шудро ба ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG