Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико партоби мушаки Кореяи Шимолиро таҳдид ба минтақа медонад


Ҳилларӣ Клитон
Ҳилларӣ Клитон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки агар тибқи нақша мушаки худро ба фазо партоб кунад, ин кор ба нафъи он кишвар нахоҳад буд. Вай зимни суханони худ дар мулоқот бо Коихиро Ҷемба-вазири корҳои хориҷаи Ҷопон гуфт, “агар Кореяи Шимолӣ барои мардуми худ ояндаи сулҳомез ва беҳтареро бихоҳад, бояд аз партоби мушаки навбатӣ худдорӣ кунад, зеро он таҳдиди мустақим ба амнияти минтақа хоҳад буд”.

Хонум Клинтон афзуд, агар Кореяи Шимолӣ ба чунин кор даст занад, Амрико дар Шӯрои Амнияти СММ ба он ҷавоби муносиб хоҳад дод. Пхенян мегӯяд, партоби мушак як навъ тамрин хоҳад буд барои интиқоли таҷҳизоти моҳвораӣ ба фазои кайҳон. Аммо Амрикову Британия ва Ҷопон мегӯянд, ки чунин кор хилофи муқаррароти СММ аст, ки ба Кореяи Шимолӣ фаъолиятҳои ҳастаӣ ва мушакҳои бодорро мамнӯъ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG