Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот бо талаби истеъфои ҳукумати Қирғизистон


Гирдиҳамоии мухолифон дар Ҷалолобод, ҷануби Қирғизистон. 10-уми апрели соли 2012
Гирдиҳамоии мухолифон дар Ҷалолобод, ҷануби Қирғизистон. 10-уми апрели соли 2012

Ҳазорон нафар дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон бо талаби истеъфои ҳукумати ин кишвар раҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳургарон давлатро ба иҷро накардани ваъдаҳояш ҷиҳати ироаи қарзҳои боимтиёз ба кишоварзон ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ айбдор намуданд.

Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки ислоҳоти Қонуни асосӣ баргузор ва гунаҳкорони ҳаводиси моҳҳои апрел-июни соли 2010 дар Қирғизистон муҷозот бишаванд.

Ин гирдиҳамоиро раиси Ҷалолобод Азизбек Турсунбоев ифтитоҳ карда ва гуфтааст, худи ӯ ҷонибдори ҳама гуна гирдиҳамоиҳои қонунӣ мебошад. Раҳбарони ҳизби мухолифи Ота-Журт, ки мавқеи раҳбарӣ дар эътилофи ҳокимро баъд аз пирӯзии Алмосбек Отамбоев дар интихоботи ахир бохтанд, низ дар назди тазоҳургарони Ҷалолобод суханронӣ кардаанд.

Дар бораи ҳузури иштирокдорони ин тазоҳурот иттилои дақиқ мавҷуд нест. Худи мухолифон мегӯянд, дар ин тазоҳурот ҳудуди 12 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Аммо пулис ин рақамро каме бештар аз 4 ҳазор ва нозирони вазъ ҳудуди 7 ҳазор медонанд.

Пеш аз ин низ Ҷалобод шоҳиди як гирдиҳамоӣ буд. Моҳи ноябри соли гузашта тазоҳургарон дар Ҷалолобод лағви натиҷаҳои интихоботи Қирғизистонро тақозо карданд. Интихоботе, ки дар он Алмосбек Атамбоев баранда эълон шуда буд.

Сарвазири пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев моҳи ноябри соли 2011 ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар такя зад ва дар ин мақом Роза Отунбоеваро иваз намуд. Ҳукумати Отунбоева, ки Отамбоев дар он нақши сарвазирро иҷро мекард, баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи исёни мардум дар миёнаҳои моҳи апрели соли 2010 ба қудрат расид.

Баъд аз ивазшавии ҳукумат дар минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон хушунатҳои байниқавмӣ ба амал омаданд ки дар натиҷа дувумин шаҳри бузурги Қирғизистон -- Уш тақрибан хароб гашт. Хушунатҳо инчунин дар Ҷалалобод низ ба амал омада буд.
XS
SM
MD
LG