Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи тоҷикҳо то ҳол парванда накушодаанд


Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯянд, то ҳол алайҳи ду мардикори тоҷики гумонбар ба дуздии ашёи таърихӣ аз кохи Наришкинҳову Трубетскойҳо парванда боз накардаанд. Онҳо ҳанӯз 10 рӯз пеш бо ин иттиҳом ки мехостанд ашёи нуқрагини таърихиро партов вонамуд карда, дар ду халта берун бибаранд, боздошт шуданд. Гуфтанист, ки ин осори нодири таърихиро ҳангоми тармими кохи Наришкинҳову Трубетскойҳо дар рӯзи 27 март низ мардикорони тоҷик ёфта буданд. Мақомот акнун мегӯянд, бидуни ариза аз номи соҳиби хазина наметавонанд алайҳи тоҷикҳо парванда кушоянд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки мардикорони тоҷик бо вуҷуди кашфи ин хазинаи пурбаҳо дигар наметавонанд ҳаққи худро, ки маъмулан аз 25 то 50 фоиз аз арзиши хазинаро ташкил медиҳад, даъво кунанд.
XS
SM
MD
LG