Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лулаи гази Мисрро инфиҷор доданд


Дар лулаи гази Миср инфиҷоре рух додааст. Тавассути ин лала газ ба Урдун ва Исроил интиқол меёфт. Дар ин лулаи газ аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта то ҳол 14 инфиҷор рух додааст. Маҳали инфиҷор шаҳраки соҳилии Ал Ариш дар шимоли Синай дар баҳри Миёназамин будааст. То ҳол касе масъулияти ин ҳодисаро бар ӯҳда нагирифтааст. Баъд аз инфиҷори 5 феврали соли ҷорӣ ин луларо баста буданд.
XS
SM
MD
LG