Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико коршиноснашро ба Покистон фиристод


Кӯҳҳои Сиачен
Кӯҳҳои Сиачен
Амрико як гурӯҳи коршиносонро ба Исломобод фиристод, то дар ҷустуҷӯи 135 нафаре, ки зери тарма монда буданд, кӯмак расонанд. Покистон бо ин гурӯҳ машварат хоҳад кард, ки барои анҷоми амалиёти наҷот ё пайдо кардани одамон чӣ корҳо бояд анҷом бигирад. Рӯзи шанбе дар наздикии марз бо Ҳиндустон тарма як воҳиди низомиро зер кард. Ҳоло дар ҷои ҳодиса дар маҳале бо номи Сиачен 200 нафар аз низомиёни артиши Покистон қарор доранд. Онҳо бояд ғафсии 25 метр тарма ва гилро бибуранд. Артиши Покистон мегӯяд, маълум нест, ки касе аз дар зери тарма зинда монда бошад.
XS
SM
MD
LG