Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтори Куриёи Шимолӣ дар Чин баррасӣ шуд


Вазирони умури хориҷии Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Нингбои Чин бо ҳамтои чинии худ Янг Ҷиечӣ, қасди Куриёи Шимолиро баррасӣ кардаанд, ки барои партоби мушак омодагӣ мегирад. Вазири умури хориҷии Чин гуфтааст, кишвараш аз таҳаввулоти ахир дар Нимҷазираи Куриё нигарон бимнок шудааст. Куриёи Шимолӣ эълом карда буд, ки барои фиристодани як моҳвора ба мадори Замин як мушак партоб мекунад, ки ин нигаронии Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ва Амрикоро барангехт, ки дар ин минтақа ҳузури васеъи низомӣ дорад. Ин кишварҳо мегӯянд, партоби мушак аз Куриёи Шимолӣ, озмоиши мушаки баллистикӣ аст. Янг Ҷиечӣ аз тамоми тарафҳои дахил дар қазия хостааст, “ором бошанд ва хештандорӣ” нишон бидиҳанд. Куриёи Шимолӣ гуфта буд, ки мушакро рӯзҳои 12 то 16 апрел ба муносибати 100-солагими Ким Ил Сунг, бунёдгузори он кишвар партоб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG