Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB кӯмак ба Тоҷикистонро идома медиҳад


Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, азм дорад, дар бунёди роҳҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ, ки Тоҷикистону Афғонистонро бо Туркманистону Покистон васл мекунад, саҳм бигирад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷоҷи Токеши, раҳбари дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе баррасӣ шуд, ки маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон поён меёбад. Дар баёнияи расмӣ омадааст, дар мулоқот “Азми устувори Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.” Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 то кунун ба Тоҷикистон бештар аз 860 миллион доллар қарзҳои боимтиёз ва кӯмакҳои молии бебозгашт додааст. Аммо ин бонк аз тарҳи баҳсбарангези нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон худро канор кашидааст.
XS
SM
MD
LG