Артиши Покистон таъйид кард, ки бештар аз 100 сарбози кишвар дар як гӯшаи дурдасти вилояти баҳсбарангези Кашмир зери баҳман ва ё тарма мондаанд. Азҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон, ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, баҳман пойгоҳи низомиро зер кардааст ва амалиёти наҷоти сарбозон идома дорад:"Соати шаши бомдод, тарма омада ва 113 нафарро дар ҳамонҷо гӯр кард. Гурӯҳи наҷотбахшонро ба онҷо фиристодем. Аз чархболҳо, сагҳои бӯйгир истифода мекунем, сарбозонро низ барои амалиёти наҷот сафарбар кардем."
Азҳар Аббос гуфт, баъзе аз ҷасадҳои сарбозонро берун кашидаанд, вале ҳоло маълум нест, чанд тани онҳо зинда мондаанд. Тарма дар наздикии пиряхи Сиачен дар яке аз қисматҳои кӯҳҳои Ҳимолой фуруд омадааст. Ҳинду Покистон, ки ҳарду ба сари вилояти Кашмир даъво доранд, ҳазорон сарбози худро дар ин минтақаи сарду дурдаст ҷойгир кардаанд.