Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои "изтиробовар" дар Сурия


Фиристодаи Лигаи Араб ва СММ гуфт, алорағми иддаои давлати Сурия ҷиҳати хуруҷи як қисми нирӯҳояш аз шаҳрҳои эътирозӣ, дар бораи қурбониҳои «изтиробовар» дар Сурия гузоришҳои нав мерасанд.

Шӯрои Амният аз Сурия хоста буд, бо иҷрои ваъдаи хуруҷи нирӯҳояш то 10 апрел шароити иҷрои тарҳи оташбасро муҳайё созад. Аннон гуфт, ки ӯ бо нирӯҳои мухолифин низ дар тамос хоҳад шуд, ки ин оташбасро муроот кунанд: “Дар ҳоле ки давлат ӯҳдадориҳояшро иҷро мекунад, ман дар пайи гирифтани тавофуқи мухолифин барои хатми собити хушунатҳои мусаллаҳона хоҳам шуд.”

Аннон гуфт, қодир ба таъйиди иддаои Димишқ дар бораи шурӯъи хуруҷи нирӯҳояш аз шаҳрҳо нест. Баръакс ӯ афзуд, ки “хушунатҳо ҳамчунон идома доранд ва ҳамарӯза дар бораи мизони изтиробовари қурбониҳо ва бадрафториҳои дигар гузориш мерасад ва амалиёти низомӣ дар нуқоти аҳолинишин қатъ нашудааст.”

Амалиёти нирӯҳои давлатӣ аз ҷумла дар Думо, мавзеъе дар наздикии Димишқ башиддат идома дорад. Бино ба хабарҳо, тайи як соли ошӯбҳо ин сангинтарин амалиёти режими Башор Асад дар атрофи пойтахт дониста мешавад. Ҳафтае пеш СММ шумори қурбониёни як соли ошӯбҳои Сурияро беш аз 9000 нафар баршумурд. Нозирон бо иловаи қурбониёни ахир мегӯянд, ин рақам аз марзи 10 000 ҳам гузашт.

Дирӯз як ҳайъати СММ ба раҳбарии генерали норвегӣ Роберт Муд вориди Димишқ шуд. Ин ҳайъат масъалаи истиқрори доимии нозирони СММ дар Сурияро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG