Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Кудрин ба таъсиси як гурӯҳи мустақил аз Кремл


Вазири собиқи молияи Русия Алексей Кудрин гуфт, ба хотири фишор ба Кремл ва таҳияи алтернативаҳо ба сиёсатҳои давлат гурӯҳи мустақилеро бо номи Кумитаи ибтикорҳои шаҳрвандӣ таъсис медиҳад. Кудрини 51-сола, ки 11 сол вазири молия буд ва аз ёрони наздики Владимир Путин шинохта мешуд, соли гузашта дар пайи як таниши лафзӣ бо раисиҷумҳур Дмитрий Медведев истеъфо дод. Ӯ баъдан аз азмаш барои ҳимоят аз ҷунбиши мухолифин дарак дод. Кудрин гуфт, ҷомиаи Русия ҳолиё нисбат ба давлат пештар қадам мегузорад ва ин зарурати ислоҳот дар кишварро хеле доғтар кардааст.
XS
SM
MD
LG