Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии мӯйсафеде Юнонро боз ба нооромӣ кашид


Худкушии муйсафеди ҳафтоду ҳафтсола боиси бархӯрдҳои хушунатбор дар пойтахти Юнон, шаҳри Афина, шуд.

Дар рӯ ба рӯи порлумони Юнон тахминан 1 ҳазору 500 эътирозгар ҷамъ шуда, ба тарафи пулис сангу шишаҳои саршор аз маводи сӯхт партоб мекарданд. Дар ҷавоб пулис бо истифода аз гази ашковар болои онҳо ҳамла кард.

Рӯзи чоршанбе (чоруми апрел) дар майдони Синтагмаи Афина марди 77-сола, ходими пешини дорухона, худро бо силоҳи оташфишон ба ҳалокат расонд. Расонаҳои хабарӣ гузориш медиҳанд, ки зоҳиран ин мард аз барномаи коҳиши хароҷоти ҳукумати Юнон ба дод омада, худкушӣ кардааст.

Ҳукумати Юнон бо ҳадафи раҳоии ин кишвар аз варшикастагии молӣ барномаи муфассали сарфакориро раҳандозӣ кардааст. Сиёсатмадорони юнонӣ изҳори таассуф намудаанд, вале ҳамзамон аз мардум хостаанд, ки худкуширо сиёсӣ накунанд.

Баъзе расонаҳои юнонӣ мегӯянд, дар номаи худоҳофизии "мӯйсафеди худкуш" навишта шуда буд, ки ӯ намехоҳад ба як бори серхарҷ барои фарзандонаш табдил ёбад. Афроде, ки эътирозҳои юнониёнро дастгирӣ мекунанд, мегӯянд, амали муйсафед на худкушӣ, балки кушторе аст, ки сабабгори он афзоиши андозу коҳиши нафақа аст.

Зой Тсирогианӣ, сокини 68-солаи Афина мегӯяд: “Ин шармандагист. Ин ҳол бо ҳар яки мову аъзои оилаҳои мо рӯй дода метавонад. Мо ҳама дар роҳ ба худкушӣ ҳастем.”

Ҳукумати Юнон ин ҳодисаро “фоҷиаи инсонӣ” унвон дода, таъкид кардааст, ки ин худкушӣ набояд ба баҳси сиёсӣ дар арафаи интихоботи порлумонии моҳи май мубаддал шавад.

Ҳукумати Юнон бо кумаки Сандуқи байналмилалии пул ва Иттиҳодияи Аврупо 240 миллиард евро қарз дарёфт намудааст, вале тахмин мешавад, ки барои раҳоии комили ин кишвар аз қарзҳояш боз кумаки иловагӣ лозим шавад. Дар натиҷаи татбиқи барномаи коҳиши хароҷоти ҳукумат садҳо ҳазор юнонӣ аз ҷойҳои кор маҳрум шудаанд ва ё маошу нафақаи онҳо коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG