Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” - барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон


Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардид.

Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.

Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Бозигарони беҳтарини ин дидор Юсуф Рабиев ("Истиқлол") ва Расул Файзов ("Регар") бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон мукофотнида шуданд.

Ин мусобиқа барои бори севум баргузор шуд. Тими “Истиқол” се бор Ҷоми олиро ба даст овардааст. Соли 2010-ум дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими “Вахш” дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:0 ва порсол дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.

Валерий Турсунов, ноиби ававл раиси ФФТ ба капитани дастаи ғолиб Дилшод Восиев Ҷоми олии Тоҷикистонро супурд. Дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев дастаи "Регар"- ро барои ҷои дувум бо ифтихорномаи ФФТ сарфароз гардонд. Ифтихонома ба капитани даста Ҷамшед Исмоилов супурда шуд.
XS
SM
MD
LG